Соли 2023 аз ҷониби судҳо оид ба вайронкунии қонун ва кирдорҳои ғайриқонунӣ 26 ҳазору 330 таъйиноти хусусӣ бароварда шуд

Февраль 15, 2024 10:40

ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Суди Олии мамлакат иттилоъ дод, ки соли 2023 аз ҷониби мақомоти судӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷмуъ 826 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, нисбат ба 818 шахс ба маблағи  беш аз 4 миллиону 689 сомонӣ ҷарима татбиқ шудааст. Ҳамчунин нисбат ба вайронкунандагони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар маҷмуъ 14 ҳазору 187 парванда баррасӣ гардида, ба 5 ҳазору 452 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбат ба 8 ҳазору 744 нафар ҷарима ба маблағи умумии беш аз 1 миллиону 803 ҳазор сомонӣ таъйин гардид.

Гуфта шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии аҳолӣ, мусоидат ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва ҳамчунин ба фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ мерасонад, қабул гардидааст. Дар баробари ҳамин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо мақсади тақвият додани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд қабул шудааст. Аз ин рӯ мақомоти судии мамлакат ба риояи саросарии иҷрои ин қонунҳо ва ҳамзамон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир намудани кирдорҳои ғайриқонунӣ мусоидат намудаанд, аз ҷониби судҳо дар маҷмуъ 26 ҳазору 330 таъйиноти хусусӣ бароварда шудааст. Таъйиноти хусусии бароварда ҷиҳати тадбирандешӣ ва аз байн бурдани камбудиҳое, ки ба содир намудани қонунвайронкуниҳо сабаб гардидаанд, ба мақомоти дахлдор равона  шудаанд.

Тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаи мақомоти судӣ ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолат дар ҷомеа мебошад.

 Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2024 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид