Соли 2023 ташкилоти қарзии молиявӣ дар минтақаи Кӯлоб ба мизоҷон 1,2 млрд сомонӣ қарз пешниҳод намуданд

Февраль 1, 2024 08:32

ДУШАНБЕ, 01.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ташкилоти қарзии  молиявӣ дар минтақаи Кӯлоб соли 2023 ба мизоҷон ба маблағи 1,2 млрд сомонӣ қарз доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 310 миллион сомонӣ ё 34,1 фоиз зиёд мебошад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Алиаҳмад Юсуфзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар шаҳру минтақаи Кӯлоб 46 филиал, аз ҷумла 27 филиали бонкӣ,  9 филиали ташкилоти амонати қарзии хурд, 3 филиали ташкилоти қарзии хурд, 6 фонди қарзии хурд, 1 филиали фонд ва 183 маркази хизматрасонии ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият менамоянд.

Изҳор гардид, ки дар ташкилоти қарзии молиявии минтақаи Кӯлоб 1395 корманд фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 442 нафар ё 32 фоизро занҳо ташкил медиҳанд. Шумораи занҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 81 нафар зиёд мебошад.

Алиаҳмад Юсуфзода дар идомаи нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023 ситод ва гурӯҳи корӣ таъсис ёфт ва дар якҷоягӣ бо ташкилоти қарзии молиявӣ корҳои назаррас  анҷом дода шуданд.

Аз ҷумла, 173 корхона ва муассисаи давлатӣ, ки хизматрасонии пулакӣ анҷом медоданд, аз ҷониби ташкилоти қарзии  молиявии минтақаи Кӯлоб бо 349 терминали электронӣ ва 30  QR-рамзҳо таъмин гардиданд.

Соли 2023 ба 127 ҳазору 367 нафар кортҳои пардохтӣ тариқи ройгон пешниҳод шуданд, ки ин иқдом ҳоло ҳам идома дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2024 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
Дар Форуми байналмилалии бонкӣ-2026 масоили бахши молиявӣ дар шароити табдили рақамӣ баррасӣ шуданд
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид