СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Москва оид ба саҳми занон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш доир гардид

Февраль 8, 2024 17:10

ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар шаҳри Москва дар мавзуи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби иртиҷоӣ байни занон  дар замони муосир: мушкилот ва роҳи ҳал» бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд

Зимни ҳамоиш масъалаҳои саҳми занон дар нигоҳдошти анъанаҳои миллӣ, фарҳанг, таърих, забон ва оинҳои мардумӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, мушкилиҳои иҷтимоӣ – фарҳангии оилаи муосири тоҷик ва роҳҳои бартараф намудани он тавассути баланд бардоштани маърифатнокӣ ва сатҳи дониши насли наврас, густариши масъалаҳои дингароӣ ва бегонапарастӣ дар байни занону духтарон дар хориҷи мамлакат чун омили хатарзо дар замони муосир, танзими раванди муҳоҷират дар байни занон: мушкилот ва роҳи ҳалли он, симо ва хислатҳои ахлоқии зани тоҷик дар ҷамъияти имрӯзаи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, ташкили чорабиниҳои мухталиф дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон дар ҳамоиш иҷрои нишондиҳандаҳо ва нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида шуданд. Таъкид гардид, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Ҳоло дар мамлакат барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ мешавад.


Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии мамлакат нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои барои соли 2024 муайяншуда, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ҷалб намоянд. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи бунёди давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии мамлакатро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем. Вобаста ба моҳияти ин масъалаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд.

Иброз гардид, ки бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ аз ҷониби Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар ҳавзаҳои федералӣ ва шаҳру вилоятҳои ин давлат мулоқоту суҳбат ва чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд.

АКС: Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Февраль 8, 2024 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода аз таъмири асосӣ бароварда шуд
Витаминҳо барои организми инсон чӣ аҳамият доранд?
Пешвои миллат: «Эҳтироми падару модар ва ба ҷо овардани хизмати онҳо беҳтарин савоб ва ба қавли бузургон баробар ба ҳаҷ кардан аст»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зардолу камхуниро бартараф месозад
То Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид фаъолият дошта, шумораи онҳо имрӯз ба беш аз 4 ҳазор расидааст
Сарвари давлат: «То имрӯз беш аз 255 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳаҷи фарзӣ ва зиёда аз 400 ҳазор умраро ба ҷо овардаанд»
Гурӯҳи кории шаҳри Душанбе бо сокинони ноҳияи Варзоб вохӯрии судманд баргузор намуд
Дар Душанбе ҷаласаи 3-юми аъзои Гурӯҳи кории бисёрҷониба барои баррасии Харитаи роҳ доир гардид
САЛОМ, ТОБИСТОН! Лагери истироҳативу омӯзишии «Рангинкамон» ба фаъолият оғоз намуд
Пешвои миллат: «Қурбонӣ кардан танҳо ба шахсоне воҷиб аст, ки имконияти мусоиди молиявӣ доранд»
«ШОЯД ДАР ҚАТРАИ ХУНИ ШУМО НАҶОТИ КАСЕ БОШАД». Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун аксияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Душанбе вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ баррасӣ гардид