Созмони Милали Муттаҳид барои кумак ба Эфиопияи шимолӣ, ки аз хушксолӣ зарар дидааст, 17 миллион доллари ИМА ҷудо намуд
ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои башардӯстона Мартин Гриффитс барои мубориза бо гуруснагии шиддатёбанда дар шимоли Эфиопия, ки аз хушксолӣ ба вуҷуд омадааст, 17 миллион доллари ИМА ҷудо намуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус кормандони башардӯсти Созмони Милали Муттаҳид хабар додаанд.
Маблағе, ки аз Фонди марказии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода (CERF) ҷудо шудааст, нигаронии амиқро аз оқибатҳои хушксолии нави Ал — Нино, ки ба минтақаҳои Афор, Амҳора ва Тиграй таъсир мерасонад, инъикос менамояд, хабар дод Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстона (UKGV).
Бинобар он ки хушксолии нав афзоиш меёбад, интизор меравад, ки беш аз 10 миллион аҳолӣ дар Эфиопия аз моҳи июл то сентябр ба маводи озуқаворӣ ниёзи бештар пайдо менамоянд.
Мувофиқи гуфтаи намояндагони созмонҳои башардӯстона, хушксолиҳои қаблӣ ва амалиёти ҷангии давомдор ба вазъият таъсир мерасонанд ва обхезиҳои пешгӯишаванда мушкилоти бештар пеш меоранд.
Барои дастгирӣ ва тавсеаи кумаки башардӯстона ва ғайриозуқаворӣ дар саросари кишвар ҷомеаи башардӯстона ва ҳукумати Эфиопия рӯзи душанбе бо даъвати муштарак барои кумак дар соли 2024 муроҷиат намуданд. Онҳо хоҳиш намуданд, ки барои таъмин намудани 15,5 миллион ниёзмандон дар ин сол 3,24 миллиард доллар ҷудо намоянд.
АКС: «Синхуа»








ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад






