Созмони Милали Муттаҳид барои кумак ба Эфиопияи шимолӣ, ки аз хушксолӣ зарар дидааст, 17 миллион доллари ИМА ҷудо намуд

Февраль 29, 2024 15:59

ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои башардӯстона Мартин Гриффитс барои мубориза бо гуруснагии шиддатёбанда дар шимоли Эфиопия, ки аз хушксолӣ ба вуҷуд омадааст, 17 миллион доллари ИМА ҷудо намуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус кормандони башардӯсти  Созмони Милали Муттаҳид хабар додаанд.

Маблағе, ки аз Фонди марказии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода (CERF) ҷудо шудааст, нигаронии амиқро аз оқибатҳои хушксолии нави Ал — Нино, ки ба минтақаҳои Афор, Амҳора ва Тиграй таъсир мерасонад, инъикос менамояд, хабар дод Раёсати  Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстона (UKGV).

Бинобар он ки хушксолии нав афзоиш меёбад, интизор меравад, ки беш аз 10 миллион аҳолӣ дар Эфиопия аз моҳи июл то сентябр ба маводи озуқаворӣ ниёзи бештар пайдо менамоянд.

Мувофиқи гуфтаи намояндагони созмонҳои башардӯстона, хушксолиҳои қаблӣ ва амалиёти ҷангии давомдор ба вазъият таъсир мерасонанд ва обхезиҳои пешгӯишаванда мушкилоти бештар пеш меоранд.

Барои дастгирӣ ва тавсеаи кумаки башардӯстона ва ғайриозуқаворӣ дар саросари кишвар ҷомеаи башардӯстона ва ҳукумати Эфиопия рӯзи душанбе бо даъвати муштарак барои кумак дар соли 2024 муроҷиат намуданд. Онҳо хоҳиш намуданд, ки барои таъмин намудани 15,5 миллион ниёзмандон дар ин сол 3,24 миллиард доллар ҷудо намоянд.

АКС: «Синхуа»

Февраль 29, 2024 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад