ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 17 феврал, шанбе, 48-умин рӯзи соли 2024 аст

Февраль 17, 2024 08:00

17 феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни мусаввари «Занон дар тиҷорат» дар доираи лоиҳаи «Пешбурди ҳуқуқи иқтисодии занон ва духтарон» баргузор гардид.

***

17 феврали соли 2015 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шурои амният, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Шурои амнияти мамлакат баргузор гардид.

***

17 феврали соли 2017 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар иҷлосияи  чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд, ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён иваз гардид.

***

17 феврали соли 2022 намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар ҷаласаи Шурои амнияти Созмон дар мавзуи «Ҳамкории СММ ва созмонҳои минтақавӣ ва зерминтақавӣ дар дастгирии сулҳу амнияти байналмилалӣ: ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ» иштирок ва суханронӣ намуд.

 ***

17 феврали соли 2023 дар доираи лоиҳаи «Миллати солим» дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот баргузор шуд.

 17 ФЕВРАЛ:

 Дар Ҷумҳурии Косово – Рӯзи истиқлол.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҳадиса Қурбонова-соли 1940- шоир ва нависанда, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1969) ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1978) мебошад. Шоираи халқии Тоҷикистон.

Февраль 17, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш