Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати дарёфти гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон озмун эълон менамояд

Февраль 27, 2024 16:20

 ДУШАНБЕ, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар соли 2024 барои ҳунармандони довталаб озмун эълон менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон 20 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ҷудо гардида, ҳар грант ба андозаи 25 000 (бисту панҷ) ҳазор сомонӣ ба дастгирии ҳунармандон ва рушди ин самт равона шудааст.

Дархост ва номгӯйи ҳуҷҷатҳо ҷиҳати иштирок дар озмун танҳо бо забони давлатӣ қабул  шуда, муҳлати пешниҳоди онҳо як моҳ, яъне аз 1 март то 1 апрели соли 2024 муқаррар шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 18 феврали соли равон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» ба тасвиб расид.

Тибқи қарор, аз соли 2024 то соли 2026 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ таъсис дода шуд.

Аз ҷумла соли 2024 — 20 грант ба андозаи 500 ҳазор сомонӣ, соли 2025 — 20 грант ба андозаи 500 ҳазор сомонӣ ва соли 2026 — 20 грант ба андозаи 500 ҳазор сомонӣ таъсис шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 27, 2024 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд