24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад

Март 24, 2024 11:35

ДУШАНБЕ, 24.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 24 март Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории сил мебошад. Ҳадаф аз он баланд бардоштани савияи огоҳии  аҳолӣ дар хусуси паҳншавии ин беморӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди он мебошад. Ин беморӣ чӣ гуна аст ва онро чӣ тавр метавон пешгирӣ намуд?

Бемории сил сироятӣ буда, барангезандаи он чӯбчамикроби сил мебошад. Сил бемории табобатшаванда аст ва дар ҳолати табобати пурра шахс комилан шифо меёбад.

Мубориза бар зидди бемории сил ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода мешавад. Аз ҷумла, ҳанӯз дар 3-7-рӯзагӣ эмкунии ҳатмии кӯдакон бо ваксинаи БСЖ ва дар 7-солагӣ бо ваксинаи дуюми он анҷом дода мешавад.

Ба тавсияи табибон, наврасони аз 15-сола боло ва калонсолон бояд ҳар сол шушашонро ташхис намоянд, хуб ва мунтазам ғизо истеъмол намоянд. Дар рӯйхати хӯрокҳо ҳар рӯз бояд 100-150 грамм маҳсулоти аз сафеда бой бошад ва тарзи ҳаёти солимро пеш гирифта, кор ва истироҳатро дуруст танзим намоянд.

Ба таъкиди табибони соҳа, ҳар шахс барои пешгирӣ намудани ин беморӣ бояд аз тамокукашӣ, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ карда, бояд ба варзиш машғул шавад ва бештар дар фазои тоза сайру гашт намояд.

Ҳамзамон дар ҳолати гирифтории ягон узви оила ба ин беморӣ тавсия дода мешавад, ки тамоси кӯдакони хурдсолро бо бемор истисно намуда, кӯшиш намоянд, ки беморро то ҳадди имкон ҷудо нигоҳ доранд ва тамоми ашёи ӯ, кати хоб ва табақчаҳои ӯро бодиққат дезинфексия намоянд.

Бемории сил табобатшаванда буда, шарти асосии раҳоӣ ёфтан аз он табобати пурра ва дурусту саривақтӣ мебошад. Зеро мавҷуд набудани табобати дурусти саривақтӣ метавонад боиси корношоямӣ, маъюбӣ ва ҳатто марг шавад.

Аломатҳои ин беморӣ сулфаи зиёда аз ду ҳафта, камқувватӣ, бемадорӣ, харобшавӣ, баландшавии ҳарорат, арақкунии шабона, камшавии иштиҳо, хунтуфкунӣ ва баъзан вақт дарди қафаси сина мебошанд.

Дар Тоҷикистон имконияти ташхиси саривақтии тамоми намудҳои сил (сили тамоми узвҳо ва тамоми намудҳои устуворият ба доруҳои зиддисилӣ) фароҳам буда, ташхисҳои микроскопию нурӣ ва молекулярӣ) дар сатҳи ноҳияҳо дастрас ҳастанд. Дар айни замон дар мамлакат «Барномаи нави миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2021 – 2025» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  27 феврали соли 2021 тасдиқ гардида, амалӣ мегардад. Мақсади  асосии он кам намудани таъсири манфии мушкилоти сил ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба воситаи таъмини дастрасии умумӣ ба ташхису табобати саривақтию босифати ҳама намудҳои бемории сил, аз ҷумла сили ниҳонӣ мебошад. Дар маҷмуъ, он сатҳи сироятёбӣ ва фавтро кам карда, ривоҷи устуворият ба доруҳоро пешгирӣ менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 24, 2024 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» 1783 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли тарбуз дар тобистон камобшавии бадан ва баланд шудани фишори хунро пешгирӣ менамояд
ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ. Дар ин самт кадом мушкилот ҷой доранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ҷаъфарӣ ба биниш ва саломатии чашм муфид аст
Маблағи грантҳои президентӣ вобаста ба арзиши лоиҳаҳои пешниҳодшуда ҷудо мегардад
Ҷарроҳони чинӣ наврасонеро, ки бемории нуқсони модарзодии дил доранд, ройгон ташхис менамоянд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ кам шудаанд
Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаи «Тоҷиксуғурта» ба 588 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Рашт кумаки молиявӣ расонид
Беш аз 5 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ машғулияти касбомӯзиро хатм намуданд
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКРОНӢ. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба самти инноватсионии рақамӣ мегузарад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо кам карда шуд