Ҳайати Шурои директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 09.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Шурои директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ дар ҳошияи сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин неругоҳ хабар медиҳад.
Ҳайати Шурои директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, бо иштироки Вазири молияи мамлакат ва Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иншоот шинос шуд. Онҳо дар оғоз бо лоиҳа ва мушаххасоти бунёди ин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ва тавзеҳоти мутахассисони Ҷамъияти сахомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун»» шинос шуданд.
Ба меҳмонон сараввал дидбонгоҳи рақами яки неругоҳ, ки инъикосгари минтақаву мавзеи бунёди «Роғун» мебошад, манзур гардид. Сипас онҳо бо ҷараёни корҳо дар иншооти асосии неругоҳ, аз қабили нақби сохтмонии қабати чаҳорум, обанбори тозабунёд, сарбанди сангию хокии баландтарини дунё бо баландии 335 метр, мавзеи обқабулкунакҳои доимии неругоҳ дар баландии 1172 метр аз сатҳи баҳр, бинои КРУЭ (маҷмааи дастгоҳҳои тақсимкунандаи элегазӣ), толори мошинҳо ва ғайра аз наздик шинос шуданд.
Барои меҳмонон- ҳайати Шурои директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи беназири Неругоҳи барқи обии «Роғун», иншооти сохташавандаи он, ки аксаран дар зери замин бунёд мешаванд, қобили таваҷҷуҳ ва хотирмон гардид.
Меҳмонон роҷеъ ба таассуроташон дар китоби ифтихории «Роғун»- Кохи Нур» соядаст гузоштанд.
АКС: Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун»»










Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






