Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канории Қазоқистон дар Вена иштирок намуд

Март 16, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 16.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии назорати маводи нашъаовар Зафар Самад дар чорабинии канории Ҷумҳурии Қазоқистон зери унвони «Имкониятҳои Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои  психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар муқовимат ба таҳдидҳои муосири паҳншавии маводи нашъаовари синтетикӣ» иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.

Дар чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони мақомоти ваколатдори давлатҳои иштирокчии Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ, давлатҳои нозир, Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, инчунин дигар созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Ба иштирокчиён рӯнамо оид ба фаъолияти Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Алмато таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун мақоми байнидавлатию минтақавӣ оид ба мусоидат дар ташкил ва ҳамоҳангсозии амалиёти байналмилалӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар фаъолият дорад, пешниҳод карда шуд.

Дар рафти чорабинӣ роҳбарони як қатор ҳайатҳо фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуда, мубодилаи афкор анҷом доданд.

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовар

Март 16, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид