Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми минтақавӣ оид ба масъалаҳои марбут ба татбиқи Паймони ҷаҳонии муҳоҷирати бехатар иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 15.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ дар Форуми дуюми минтақавӣ оид ба муҳокимаи масъалаҳои марбут ба татбиқи Паймони ҷаҳонии муҳоҷирати бехатар, мунтазам ва қонунӣ барои давлатҳои аъзои Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар шаҳри Женева иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат иттилоъ медиҳад.
Гуфта шуд, ки яке аз масъалаҳои баррасишавандаи форум- ин татбиқи Созишномаи глобалӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, ботартиб ва мунтазам, ки соли 2018 аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳим дар самти танзими раванди муҳоҷират қабул гардидааст, ба ҳисоб рафта, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози миллии раванди муҳоҷират ҳисоботдиҳандаи ихтиёрӣ таъйин шудааст. Созишномаи глобалӣ аз 23 ҳадаф иборат буда, ҳисоботи навбатии ихтиёрии миллӣ оид ба ҳадафҳои афзалиятнок ба Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ирсол мешаванд.
Барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои Созишномаи глобалӣ 30 июни соли 2023 «Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 қабул гардид, ки ҳуҷҷати асосӣ барои татбиқи сиёсати давлатии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ин форум барои таҳкими ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалӣ, ғайридавлатӣ ва дигар институтҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ, таҳким ва такмили заминаи моддиву техникӣ ва баланд бардоштани иқтидори мақомоти давлатӣ дар идоракунии муҳоҷират имконияти мусоид фароҳам оварда, ба баррасии тамоми ҷанбаҳои муҳоҷирати байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Дар Форуми дуюми минтақавӣ Шаҳноза Нодирӣ оид ба афзалияти асосии Созишномаи глобалии муҳоҷират барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирати бехатар, мунтазам ва муназзам, диверсификатсияи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон ва дигар корҳои анҷомдода сухан намуд.
АКС: Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






