Арҷгузорӣ ба Модар дар байни халқи тамаддунпарвари тоҷик решаҳои қадимӣ дорад
ДУШАНБЕ, 07.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, занони собиқадори ҳизб, фаъолон ва кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоят ва ноҳияи Кӯшониён иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таблиғот ва матбуоти ин кумита хабар доданд.
Иброз гардид, ки Рӯзи Модар яке аз хуҷастатарин идҳои мардуми тоҷик аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ мақоми расмӣ гирифт. Арҷгузорӣ ба Модар дар байни халқи тамаддунпарвари мо решаҳои қадимӣ дошта, аз адабиёти классикиамон сарчашма мегирад.
Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Зан-Модари тоҷик эҳтироми хосса доранд. Имрӯз бо дастгирию ҳидоятҳои Пешвои миллат занону духтарони тоҷик дар арсаи роҳбарӣ нақши пешоҳангиро соҳиб гардидаанд.
Занони вилояти Хатлон низ бо дарки масъулияти баланди ватандӯстӣ қариб дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолияти босамар дошта, бо иқдому ташаббусҳои созанда дар рушду пешрафти ин сарзамин саҳми арзанда мегузоранд.
Дар ҷаласа раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар ва раиси Шурои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар аз хизматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа изҳори хушнудӣ намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба занону модарон туҳфаҳо тақдим ва ба хотири болидаруҳии онҳо барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардид.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон








«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд






