БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ– ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Ҳамовозӣ ба Соли маърифати экологӣ эълон шудани соли 2024 дар шаҳри Душанбе

Март 31, 2024 15:46

ДУШАНБЕ, 31.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 феврали соли 2024 қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи «Соли маърифати экологӣ» эълон намудани соли 2024» қабул шуд, ки тибқи он имсол дар шаҳри Душанбе Соли маърифати экологӣ эълон гардид. Ҳадаф аз қабули ин қарор баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ мебошад. Ҳамчунин дар қарор омадааст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 900 рӯзи ободонӣ амалӣ карда шавад.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» маърифати экологӣ– ин раванди таълим аст, ки мақсади он аз маърифати экологӣ баҳравар намудан, дар руҳияи маърифати экологӣ таълиму тарбия додан, пойдор гардонидани фарҳанги экологӣ, дуруст ва оқилона муайян намудани тамоили донишандӯзӣ, нишон додани қобилият ва ташаккули рафтори дурусти шахсони алоҳида ва аҳолӣ оид ба ҳифз ва истифодаи табиат иборат мебошад.

Масъалаи баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ пешниҳод мегарданд, таъкид мешаванд. Чунончи, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 масъалаи баланд бардоштани маърифати экологии аҳолиро ба миён гузошта, чунин таъкид намуданд: «Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиди назар намудану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир намоем».

Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём аз 28 декабри соли 2023 ба масоили вазъи экологии мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бо назардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, инчунин муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш доданд, ки Барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии ҷумҳуриро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд.

Қабул ва дар амал татбиқ намудани чунин барномаи дарозмуҳлат муҳим буда, имконият фароҳам месозад, ки гӯшаву канори мамлакат, хусусан пойтахти Ватани азизамон- шаҳри Душанбе сабзу гулпӯш ва хурраму зебо гардонида шуда, дар умум ба таъмини амнияти экологии мамлакат мусоидат намояд.

Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ба хотири ҳифзи муҳити табиӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳиту маҳалли зист, самарнок истифода бурдани табиат ва дӯст доштани он зарур мебошад. Мутаассифона, баъзе шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба тозагиву озодагии пойтахт беаҳаммиятӣ зоҳир намуда, партовҳоро ба замин ҳаво медиҳанд, ҳамчунин ҳангоме, ки савори нақлиёти ҷамъиятӣ мешаванд, партовҳоро дохили онҳо ва ё ба берун ҳаво медиҳанд, ки ин кирдорашон аз одобу ахлоқ, маърифати экологӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ баҳравар набудани онҳоро собит менамояд.

Зарур аст, ки ҳар яки мо шаҳрамон ва дар маҷмуъ мамлакатамонро мисли хонаву кошонаи худ тозаву озода нигоҳ ва дӯст дорем, зеро Тоҷикистони азиз хонаи ҳар яки мо мебошад.

Дар ин зимн, хуб мешуд, ки дар ноҳияҳои пойтахт қуттиҳои партов бештар ҷойгир карда, ҳамчунин дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ низ қуттичаҳо барои партов ҷой дода шаванд. Дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ҷойгир сохтани қуттичаҳои махсус барои партов зарур буда, ба ин васила дохили онҳо тозаву озода нигоҳ дошта мешавад.

Ҳамчунин дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, таҳсилоти махсус ва иловагӣ бояд фанҳои марбутаи экология самарабахш ва мукаммал таълим дода шаванд.

Дар муҳити оила низ бояд маърифати экологии фарзандон баланд бардошта шавад, ки ин яке аз вазифаҳои асосии падару модар маҳсуб мешавад. Зимнан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модарро уҳдадор намудааст, ки барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва маърифати экологии фарзанд тадбир андешанд ва ба ӯ фарҳанги шаҳрнишиниро омӯзонанд.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро мебояд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандон бештар намоянд.

Дар иртибот ба Соли маърифати экологӣ эълон шудани соли 2024 дар шаҳри Душанбе Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом гирифтааст, ки баҳри ҳифз ва солимгардонии муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ташаккули фарҳанги шаҳрнишинӣ дар 50 нуқтаи осебпазири нуқтаҳои партовҷамъкунии шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе камераҳои мушоҳидавӣ насб намояд. Иқдоми пешгирифта зарур буда, ба сари вақт пешгирӣ намудани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, зери назорати доимӣ қарор додан ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зисти аҳолӣ, беҳтар шудани вазъи экологии пойтахт ва умуман баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Президенти Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ба мардуми шарифи мамлакат муроҷиат намуда, чунин даъват ба амал оварданд: «Ман ба мардуми азизи ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ буданамонро ба ҷаҳониён собит намоем».

Ҳамин тавр, аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Соли маърифати экологӣ эълон гардидани соли 2024 дар шаҳри Душанбе, ки аз дастуру ҳидоятҳои Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеояд, муҳим ва саривақтӣ буда, ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, аз маърифати экологӣ бархурдор шудани аҳолӣ, дар руҳияи маърифати экологӣ таълиму тарбия додани шаҳрвандон, хусусан наврасону ҷавонон, дӯст доштани табиат ва дар маҷмуъ боз ҳам ободу зебо ва сарсабзу хушнамо гардидани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе равона шудааст.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
мушовири калони кумитаи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

АКС аз бойгонӣ

Март 31, 2024 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАХИРАҲОИ ОБ ВА УСТУВОРИИ ДЕМОГРАФӢ БА МАНФИАТИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе Форуми байналмилалии парламентӣ доир мешавад
ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд