Дар доираи Форуми минтақавӣ оид ба рушди устувор таҳти унвони «Пиряхҳо сарчашмаи оби тоза» ҳамоиш баргузор гардид

Март 16, 2024 17:02

ДУШАНБЕ, 16.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми минтақавӣ оид ба рушди устувор дар шакли маҷозӣ чорабинии канорӣ таҳти унвони «Пиряхҳо сарчашмаи оби тоза» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси  Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд доир  гардид.

Ёдовар мешавем, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд. Тибқи ин санад соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид.

Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо бо ҷонибдории 153 давлати аъзои СММ дастгирӣ ёфта, моҳи декабри соли 2022 дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо эълон гардид.

Инчунин мутобиқи ин қатънома Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимод ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад. Масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳолати беҳдоштӣ аз чунин ташаббусҳо ба ҳисоб мераванд.

АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева

Март 16, 2024 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид