Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид

Март 28, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 28.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо такя ба ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмуд Муродов дар якчанд қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар доираи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмуд Муродов дар ду қисми ҳарбии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии мамлакат дастурхони идона орост.

Бояд гуфт, ки чунин амали инсонпарварона ва наҷиб чун иқдоми шоднамоӣ ва руҳбаландкунанда дар пайравӣ ба иқдоми хайрхоҳонаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар заминаи сиёсати самарабахши иҷтимоӣ амалӣ шуда, пайваста иҷро мегардад.

Дидорбинӣ бо  сарбозону афсарон ва шиносоӣ бо шароити буду боши онҳо чун тарбири тарғиботӣ амалӣ шуда, дар заминаи он хизматчиёни ҳарбӣ руҳбаланд ва ҳамзамон майли ҷавонон барои хизмат дар  сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат меафзояд.

Ҳамзамон бо сарбозону афсарон суҳбати самимӣ доир шуда, моҳияти афзалияти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат оид ба фароҳам овардани шароити муосири хизмат барои сарбозону афсарони содиқи Ватан фаҳмонида шуд.

Бо назардошти муҳайё сохтани имконоти муосир ва мутобиқ намудани сатҳу сифати хизмат дар қисмҳои низомӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату  ҳукумати мамлакат тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Бо такя ба шароити мусоид афсарону сарбозон, ки ҷавонони ғаюру ватандӯсти мамлакат дониста мешаванд, сарбаландона  адои қарзи  шаҳрвандӣ менамоянд ва дидорбинию мулоқот бо онҳо ҳамчун  тадбири шоду ҳавасмандгардонӣ  низ пайваста амалӣ мешаванд.

Дар асоси ҳидоят ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмуд Муродов дар қисми ҳарбии 3502-и қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дастурхони идона орост.

Замони соҳибистиқлолӣ барои ҳомиёни сулҳу субот, аз ҷумла сарбозону афсарон, хосса ташаккули шароити муосир дар қисмҳои низомӣ, ки имрӯз аллакай дорои иқтидори комил мебошанд, давраи мутобиқшавӣ ба меъёрҳои муосир ва комилгардонӣ аст.

Дар раванди мутобиқсозии низоми фаъолияту хизмат дар қисмҳои низомӣ барои хизматчиён хобгоҳ, утоқҳои замонавии кори афсарон, ошхона, ҳаммом, хонаи фароғат, мошинсарой бо техникаҳои муосири ҳарбиву навигатсионӣ ва майдончаҳои варзишӣ бунёд гардидааст.

Ин аст, ки тадбирҳои маишиву иҷтимоӣ бо ифтихор амалӣ гардида, дар ҷараёни он ҳамовозии куллӣ эҳсос мешавад.

Дар идомаи чунин тадбир бо сарбозону афсарон дар қисми ҳарбии 5453-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ низ вохӯрӣ ташкил гардида, бо оростани хони наврӯзӣ ҳадафҳо ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат бори дигар ба онҳо расонида шуд.

Дар пайравӣ ба ҳидоятҳои ҳамешагӣ дар доираи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ёдрас мешавем, ки хизматчиёни қисмҳои ҳарбии тобеи вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилӣ, аз ҷумла сарбозону афсарони қӯшунҳои сарҳадӣ аз ғамхории пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат бархурдор мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 28, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд