Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд

Июнь 19, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ дар панҷ моҳи соли 2026, рафти иҷрои супоришҳои додашудаи комиссияи кории доимоамалкунанда аз 18 феврали соли равон оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои филиали Шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ, ки таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода доир гардид, баррасӣ шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, вобаста ба рафти иҷрои супоришҳои қаблан дар ҷаласаи комиссияи корӣ вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дар фаъолияти филиали Шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ додашуда, муовини Прокурори генералӣ Сарвар Азимзода, муовини Вазири корҳои дохилӣ Илҳомиддин Вализода ва директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмуҳаммадзода гузориш доданд.

Инчунин оид ба фаъолияти филиали Шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар панҷ моҳи соли равон ва вобаста ба бартараф намудани камбудиҳо ва иҷрои супоришҳои дар ҷаласаи қаблӣ додашуда, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» Маноҷ Салвӣ ҳисобот пешниҳод намуд.
Дар ҷаласа вазъи воқеии зеристгоҳҳои барқӣ, омилҳои асосии афзоиши талафоти неруи барқ, нишондиҳандаҳои техникӣ ва тиҷоратӣ, сатҳи қарздорӣ ва ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ таҳлил гардида, барои беҳтар намудани фаъолияти шабакаҳои тақсимоти барқ, пурзӯр намудани назорат аз болои истифодаи қонунии неруи барқ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин самт ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Таъкид карда шуд, ки истифодаи сарфакорона ва мақсадноки неруи барқ, мубориза бо талафот ва пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии он аз вазифаҳои муҳим буда, иҷрои саривақтии тадбирҳои пешбинишуда барои таъмини фаъолияти устувори низоми энергетикии мамлакат ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат аҳамияти муҳим дорад.

Гуфта шуд, ки талафоти неруи барқ бештар дар шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Шаҳринав ва Рудакӣ ба назар мерасад, ки аз меъёр зиёд мебошад.

Инчунин изҳор гардид, ки нисбат ба роҳбарони шабакаҳои барқ ва муовинони онҳо, нозир ва назоратчиёне, ки дар ҳолати аз уҳдаи вазифа набаромадан чораҳои зарурӣ андешида шуда, аз кор озод карда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии насб ва истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли криптоасъор, ғайримақсадноку ғайриқонунии истифодаи неруи барқ, паст кардани талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқи истифодашуда, аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор ва Котиби Шурои амният комиссияи кории доимоамалкунунада бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода таъсис дода шудааст.

Марзия САИДЗОДА,
Тоҳир САИДЗОДА (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июнь 19, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад