Дар Душанбе бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор гардид

Март 2, 2024 09:32

ДУШАНБЕ, 01.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Оилаи солими бе хушунат ва пошхӯрӣ» ҳамоиш баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд, дар ҷаласа аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии занону духтарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои зиёди судмандро амалӣ намуданд.

Имрӯз занону духтарони тоҷик ба хотири рушди соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳатто дар зинаи роҳбарикунанда содиқона хизмат менамоянд.

Шумораи вакилон аз ҳисоби занон дар Маҷлиси намояндагон 16 нафар ё 25,3 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои 2015-2020  6,5 фоиз зиёд мебошад.

Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро занон ташкил медиҳанд. Инчунин занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.

Муинӣ Мавсума ҳамчунин таъкид намуд, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 Президенти ҷумҳурӣ  нақши занону духтаронро дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ намудани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир арзёбӣ намуда, чунин баён доштанд: «Бовар дорам, ки занон ва модарону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар оилаи мамлакат нақши арзишманд мегузоранд».

Таърихи ташаккул ва инкишофи ҷомеаи башарӣ давоми садсолаҳо ба ҳукми исбот расонд, ки бе оилаи солим мавҷудияти ҷомеаи солим ғайриимкон аст.

Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш ҳамчунин муовини раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масьалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Лола Одилбекова, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Нуруллозода, намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо  дар Душанбе Эмми Севимли, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода дар мавзуи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз роҳҳои асосии пешгирии зӯроварӣ дар оила», судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Ваҳобзода дар мавзуи «Таъмини дастрасии занон ва кӯдакон ба адолати судӣ», муовини сардори раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотамҷон Дадобойзода дар мавзуи «Оилаи солими бе хушунат ва пошхӯрӣ» сухан гуфтанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 2, 2024 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуд
Масъалаи тақвият бахшидани ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар Санкт-Петербург баррасӣ гардид
Равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон густариш меёбад
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Маҳмадтоир Зокирзода дар кори Анҷумани X парлумонии БРИКС дар шаҳри Санкт Петербург иштирок намуд
Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок менамояд
Дар Маҷлиси намояндагон ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» доир гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуд
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок дорад
Дар Душанбе робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид