Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармояи ширкатҳои Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуд

Март 1, 2024 16:27

ДУШАНБЕ, 01.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар соли 2024 дар  назар дошта  шудааст, ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон мусоидат менамояд. Чунин гуфта шуд дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон  Валихан Туреханов.

АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон итттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот вазъи ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии молиявии «Астана», тақвияти ҳамкории Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» бо ҷамъияти саҳомии «Ширкати миллии «KAZAKH INVEST», баргузории форумҳои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи ширкатҳои қазоқӣ ба Тоҷикистон, инчунин таъсиси корхонаҳои муштарак баррасӣ гардид.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 1, 2024 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд