Дар Душанбе раванди татбиқи Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030: Баррасии раванди татбиқ ва нақшаҳои минбаъда» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он механизмҳои ҷалби васеи доираҳои илмӣ ба раванди татбиқи ин барнома мавриди муҳокима шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки «Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023 қабул гардида, имрӯз мавриди амал қарор дорад.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш -ин баррасии ҷараёни амалишавӣ ва муайян намудани механизми мониторинг ва арзёбии барнома бо ҷалби тамоми ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла шарикони рушд дар раванди татбиқи он мебошад.
Зимни ҳамоиш инчунин механизмҳои ҷалби васеи доираҳои илмӣ ба раванди татбиқи барнома, аз ҷумла омода намудани маводи таҳлилӣ оид ба афзалияти стратегии барнома, таҳияи пешниҳоду тавсияҳо барои такмил додани механизми баррасии ҷараёни иҷро бо назардошти афзалияти стратегӣ, инчунин вазифаҳои алоҳидаи ҳамаи дигар барномаҳои соҳавие, ки дар бахши кишоварзии мамлакат амалӣ мешаванд, баррасӣ шуданд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






