Дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз «Карнавали наврӯзӣ» доир мешавад
ДУШАНБЕ, 18.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 24 март дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз «Карнавали наврӯзӣ» бо шукуҳу шаҳомати хосса доир мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Инчунин 23 март дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд. Наврӯзии ноҳияҳои пойтахт 23 март дар боғҳо ва «Карнавали наврӯзӣ» нимаи дуюми рӯзи 24 март дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми қаламрави пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути барномаҳои пуршукуҳи идона, баргузории барномаҳои ҳунарӣ бо ҳисси ифтихор аз ватандорию шукуфоии мамлакат ва арҷ гузоштан ба мероси пурғановати ниёгон дар назар аст.
Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Дар даврони истиқлоли давлатӣ ҷашну ойинҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз менамуданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Фалак, Шашмақом, чакан, атласу адрас эҳё гардиданд.
Мояи ифтихор аст, ки Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон намуд. Имрӯз Наврӯзи оламафрӯз дар тамоми олам шинохта шудаву мардумони дунё омадани онро пазмон мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе» баргузор мешавад
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Душанбе даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд






