Дар ноҳияи Зафаробод ниҳолшинонӣ тақвият дода мешавад
СУҒД, 03.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Зафаробод бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ниҳолшинонӣ, гулзоркунӣ ва хуррамгардонии муҳити атроф тақвият дода мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Зафаробод хабар доданд, дар кӯчаи Фирдавсии шаҳраки Зафаробод аз тарафи Муассисаи хоҷагии коммуналии ноҳия зиёда аз сад ниҳоли ҳамешасабзу ороишӣ ва дар саҳн ва атрофи корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кони Ганҷ» дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ шинонидани ниҳолҳои гуногуни ороиширо тақвият бахшида, барои ободу зебо ва чароғон гардонидани хиёбону кӯчаҳо ва маҳаллаҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия тадбирҳои ободкориро амалӣ менамояд.
Дар ноҳия корҳои бунёду навсозии иншооти сатҳи гуногун, мумфаршкунии роҳу пулҳо ва бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ, ниҳолшинонӣ, хуррамгардонӣ ҳамарӯза дар ҷаласаи ситоди ноҳиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод бо ҷалби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми соҳибкорон ва фаъолияти дастҷамъонаи сокинони панҷ ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия бунёд ва навсозии 540 иншооти сатҳи мухталиф дар назар дошта шудааст.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Зафаробод








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






