Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамкории Ҷануб-Ҷануб баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 11.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Ҷонибек Ҳикмат бо мудири Дафтари СММ оид ба ҳамкории Ҷануб-Ҷануб (UNOSSC) Дима ал Хатиб баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба ҳамкории Ҷануб-Ҷануб (UNOSSC)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, омодагиашонро ба ташкили чорабиниҳои муштарак дар чаҳорчӯби платформаҳои байналмилалии обӣ, бахусус 3 Конфронси Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLLDC) изҳор намуданд.
Инчунин зимни вохӯрӣ оид ба баргузории Конфронси 3-юми оби Душанбе, ки 10-13 июни имсол баргузор мегардад, маълумоти муфассал манзур гардида, Дима ал Хатиб барои иштирок дар чорабинии дарпешистода даъват гардид.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






