Дар шаҳраки бостонии Саразм майдони пазироӣ, дарвозаи рамзӣ ва терминали логистикӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 13.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки бостонии Саразм, воқеъ дар шаҳри Панҷакент ба хотири пазироии шоистаи меҳмонону сайёҳон дар даромадгоҳи шарқии он бо тарҳи зебо майдони пазироӣ ва дарвозаи рамзӣ, ҳамчунин терминали логистикӣ, ки баёнгари таърихи куҳани ин диёри бостонӣ мебошад, бунёд мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.
Дар айни замон корҳои сохтмонии иншоот бо сатҳу сифати баланд аз ҷониби ширкати сохтмонии маҳаллӣ анҷом дода шуда, барои дар муҳлати муқарраршуда ба охир расонидани корҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Минбаъд меҳмонону сайёҳони зиёд, ки ҳамасола ба шаҳри Панҷакент меоянд, метавонанд ин иншооти беназирро тамошо намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин 9 марти соли 2024 ба нақши шаҳраки бостонии Саразм дар таърихи миллат, тарбияи худшиносӣ ва ватандӯстии насли ҷавон баҳои баланд доданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






