Дар Суғд таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид

Март 18, 2024 15:17

ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд  мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир гардид, ки дар он масъалаи   ​ тақвияти ҳамкорӣ баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот таъкид гардид, ки таҳкими муносибатҳои ду давлат солҳои охир дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ беш аз пеш густариш меёбад.

Иброз гардид, ки вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Русия ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дошта, дар вилоят бо сармояи муштарак якчанд корхонаи саноатӣ фаъолият дорад.

Таъкид карда шуд, ки вилояти Суғд омода аст ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, дорусозӣ, сайёҳӣ, фарҳанг, илму маорифро бо минтақаҳои Русия боз ҳам тақвият бахшад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон​ Семён Григорев бо ишора ба таҳкими равобити дӯстона байни ду давлат иброз намуд, ки дар густариши ҳамкорӣ консули генералии Федератсияи Русия  дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкин, ки нав ба ин вазифа таъйин шудааст, хизмат менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 18, 2024 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд