Дар Тошканд Форуми ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон гузаронида мешавад

Март 19, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи апрел дар Тошканд Форуми ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон  гузаронида мешавад. Масъалаи ҳолати кунунӣ, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар мулоқоти  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо вазири таҳсилоти олӣ ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Қунғуротбой  Шарипов дар Тошканд баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот ҳамзамон масоили марбут ба  мубодилаи омӯзгорон ва донишҷӯён, доир намудани конфронсҳои илмӣ, иштирок дар кори шуроҳо оид ба ҳимояи диссертатсияҳо, ташкили равандҳои омӯзиши мутақобила, баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф муҳокима шуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои баргузории намоишгоҳи таълимии донишгоҳҳои Узбекистон дар Тоҷикистонро ҳамоҳанг намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Узбекистон

Март 19, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид