Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Наврӯзро бо риояи анъана ва унсурҳои ниёгон таҷлил намуданд

Март 21, 2024 10:40

ДУШАНБЕ, 21.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Дар ҷамъомади идона  иброз гардид, ки Наврӯзи хуҷастапай, ки аз ҷашнҳои қадимиву мардумии тоҷикон аст, таърихан Соли нави миллӣ ба ҳисоб рафта, оғози баҳору фасли кишту кор, эҳёи табиат ва ҷашни файзу кушоишҳо мебошад.

«Ин иди мардумӣ асрҳо боз бо хушҳоливу фараҳ истиқбол гирифта шуда, дар он бисёр анъанаву русуми аҷдодӣ инъикос меёбад. Рушди бесобиқаи Наврӯз ба давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, маҳз дар ҳамин давра овозаву  шуҳрати он дучанд гардид, таърихаш амиқан омӯхта шуд ва бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашн бо унсурҳои ваҳдатофариниву инсондӯстонааш мақоми ҷаҳонӣ касб намуд», — гуфта шуд дар ҳамоиш.


Бахшида ба ин ҷашни аҷдодӣ дар вазорат  гӯшаҳои наврӯзӣ ташкил гардида, дар онҳо унсурҳои Наврӯз – ҳафтсину ҳафтшин, таомҳои баҳорӣ, асбоби мардумӣ, сару либоси миллӣ, гулдӯзиҳо, зарфҳои қадимӣ ва дигар ашёи зарурӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Бояд гуфт, ки ҳар гӯша фарогири дастовардҳои ҳунарҳои мардумии минтақаҳои мамлакат, бозгӯкунандаи русуми аҷдодӣ ва маҳорати баланди ҳунармандон буд.

Барномаи фарҳангӣ иборат аз шеъру сурудҳо дар вазфи баҳору наврӯз идомабахши ҳамоиши идона гардид.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 21, 2024 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид