ДАРАХТ БИНШОН! Роҳбарон ва намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд

Март 12, 2024 09:55

ДУШАНБЕ, 12.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахт ҳамроҳ бо роҳбарон ва намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

«Тибқи анъанаҳои қадимии мардумии тоҷик дар баробари бунёди хона ва тарбияи фарзандон шинонидани дарахт яке аз аъмоли шарифтарин ба шумор меравад ва бо фарорасии баҳор чорабиниҳои зиёде бахшида ба сабзазоркунии гӯшаҳои гуногуни мамлакат ва дигар корҳои созанда гузаронида мешаванд», — иброз намуд Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин.

Ҳамзамон вазир дар бораи барномаи ҳукуматӣ оид ба кабудизоркунии мамлакат то соли 2040, ки дар асоси дастурҳои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қабул гардидааст, ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон яке аз ташаббускорони фаъол дар ҳалли масъалаҳои муҳим дар соҳаи об, экология ва тағйирёбии иқлим мебошад. Ин гуна чорабиниҳо таҷассуми воқеии амалҳо дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ мебошанд.

Дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ инчунин маросими гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 12, 2024 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид