Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии фарҳанги Қазон фиристода шуданд

Март 2, 2024 14:49

ДУШАНБЕ, 02.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории  Тоҷикистон дар доираи барномаи табодули академӣ ва созишномаи ҳамкорӣ ба Донишгоҳи давлатии фарҳанги Қазон ҷалб гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд. 

Ҳадаф аз табодули академии навбатии донишҷӯён омӯзиши таҷрибаи пешқадами омодасозии кадрҳои риштаи сайёҳӣ дар муассисаи таълимии гуфташуда, ҳамзамон баланд бардоштани малака, салоҳиятнокии касбии донишҷӯён ва омӯзиши усулҳои нави таълим маҳсуб мешавад.

Бояд гуфт, ки соли 2022 зимни сафари ректори Донишгоҳи давлатии фарҳанги Қазон ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ байни муассисаҳо ба имзо расида буд. Инак, 2 сол инҷониб дар доираи муқаррароти ин созишнома табодули академии донишҷӯён ва дигар самтҳои ҳамкорӣ густариш меёбад.

Табодули академии донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории  Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат идома ёфта, баҳри омодасозии онҳо ба барномаҳои табодули академӣ даврҳои ройгони омӯзиши забонҳои хориҷӣ гузаронида мешаванд.

      АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Март 2, 2024 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Дар рӯзи имтиҳонҳои дохилшавӣ чӣ бояд кард?
Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид
Аз 1 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ оғоз мегардад
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 150 кВт ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷаллаи нави илмии байналмилалӣ «Дипломатияи тоҷик» таъсис ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Ҷаласаи даҳуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Дар шаҳри Душанбе масъалаи воридсозии зеҳни сунъӣ ба таҳсилоти умумӣ баррасӣ шуд