Доварони футболи Тоҷикистон ба мавсими нави Лигаи олӣ омодагӣ мебинанд
ДУШАНБЕ, 15.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода ҷамъомади таълимии доварони дараҷаи аввал, ки дар бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ ҳакамӣ менамоянд, ба анҷом расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Барномаи таълим дарсҳои назариявӣ ва амалиро дар бар гирифт. Дастурдиҳандаи машғулияти назариявӣ Умед Раҳимов ва фитнес-инструктор Кристина Пронженко буданд.
Дар ҷамъомад 28 довар, аз ҷумла 8 довари марказӣ ва 20 ёвари довар иштирок доштанд. Аз рӯйи барномаи таълим доварон бояд имтиҳонҳои омодагии ҷисмонӣ супоранд.
Иштирокчиёни ҷамъомад дар машғулияти назариявӣ лаҳзаҳои барои баҳогузорӣ мушкилро таҳлил намуданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






