Эмомалӣ Раҳмон: «Имрӯз занону духтарон дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат саҳми арзишманд мегузоранд»

Март 8, 2024 08:23

ДУШАНБЕ, 08.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз занону духтарони мо дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона заҳмат кашида, дар рушди бомароми мамлакат саҳми арзишманд мегузоранд. Ин нукта дар паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар баён гардид.

Аз ҷумла, иброз гардид, ки нақши онҳо дар рушди корҳои хонагӣ, косибӣ – бофандагиву дӯзандагӣ, заргариву қаннодӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, ҷалби занону духтарони хонанинишин ба шуғл, соҳибкасб гардонидани ҷавонон ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар оилаи мамлакат қобили таъкид ва таҳсин мебошад.

Бо назардошти ин ҳама таъкид гардид, ки бояд ба хотири боз ҳам баланд бардоштани мақому манзалате, ки Зан – Модар дар ҷомеа сазовори он мебошад, пайваста кӯшиш карда шавад.

Дар робита ба ин Пешвои миллат бо муроҷиат ба мардон таъкид намуданд, ки мо бояд сарфи назар аз пастиву баландиҳои зиндагӣ босабру таҳаммул бошем, ба хушунату зӯроварӣ дар оила роҳ надиҳем, барои фарзандонамон ва махсусан духтарон шароити илму донишомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунарро муҳайё созем, то онҳо дар зиндагии ояндаашон азоб накашанд.

АКС аз бойгонӣ

Март 8, 2024 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон