ФОРУМИ B5+1. Ҳамгироии иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ тавассути муколамаи давлатӣ ва бахши хусусӣ тақвият меёбад

Март 15, 2024 09:11

ДУШАНБЕ, 15.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми B5+1 «Тақвияти ҳамгироии иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ тавассути муколамаи давлатӣ ва бахши хусусӣ», ки дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки ин форум дар асоси эъломияи Ню-Йорк, ки дар Саммити президентҳои С5+1 моҳи сентябри соли 2023 оид ба таҳкими равобити иқтисодӣ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Осиёи Марказӣ тавассути эҷоди платформаи иловагӣ таҳти роҳбарии бахши хусусӣ қабул шуда буд, баргузор гардид.

Форум раванди муколамаро байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ дар қолаби Business 5+1 (B5+1) амалӣ намуда, ҳадафи он иҷрои ду уҳдадории калидии Эъломия: суръат бахшидан ба ҳамкорӣ ва пайвастагии минтақавӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ барои тавсеаи сармоягузории тиҷорат ва бахши хусусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад.

Ҳамзамон ин платформа ба давлатҳои аъзо, соҳибкорон ва ҷомеаи коршиносон имкон медиҳад, ки тадбирҳои амалиро барои эҷоди Осиёи Марказии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол ва фарогир, ки ба бозорҳои ҷаҳонӣ пайваст аст, муайян ва амалӣ созанд.

Форуми B5+1 натиҷаи кори фаъол бо бахши хусусӣ оид ба рӯзномаи тиҷорати миллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Форум ду рӯз идома ёфта, барои ҷомеаҳои тиҷоратии миллӣ ва байналмилалӣ бораи рушди ояндаи ҳамгироишуда ва иқтисоди фарогири Осиёи Марказӣ мусоид мебошад. Он ба ҳукуматҳо имкон медиҳад, ки арзиши машваратҳои бахши хусусиро барои ноил шудан ба ҳадафҳои иқтисодии С5+1 арзёбӣ намоянд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 15, 2024 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард