ИДИ БАҲОР МУБОРАК! Дар Бадахшон расму оинҳои наврӯзӣ то ҳанӯз ҳифз шудаанд

Март 23, 2024 10:01

ДУШАНБЕ, 23.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Наврӯзи оламафрӯзро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошукуҳ ҷашн гирифта, онро дар  ҳудуди ноҳияҳои Роштқалъа ва Шуғнон- «Хидирайём», ки маънояш иди бузург аст, ном мебаранд.

Наврӯз аз дигар идҳои маъмули ин диёр калонтару бузургтар ва табарруктар аст, вале дар осори шифоҳӣ суруду бадеҳаи мардуми ин сарзамин бо исми Наврӯз омадаанд.

Бо тафовути андаке Наврӯз дар вилоят тақрибан ҳамин тавр таҷлил мешавад: муҳимтарин лаҳза тоза кардани хона аст. Пеш аз ҳама, аз хона матоъ, кӯрпа ва ғайра бароварда, ба ресмон овехта мешавад, ки рамзи ид аст.

Кадхудо ё марди хона ними кулчаро чун неъмати табаррукӣ байни аъзои хонавода тақсим мекунад ва баъди тановули ғизои субҳ ҳамаи чизу чораи хонаро берун мебаранд. Дар хона фақат як деги сарпӯшида бо оби гарм мемонад. Бонувон бо ду ҷорӯб (яке хурду дигаре бузург) ба рӯфтани хона шуруъ менамоянд. Ҷорӯби хурд барои рӯфтани деворҳо, синҷу сутунҳо ва ҷорӯби бузургтар барои рӯфтани сақф (чорхона, вассаю болорҳо). Баъд аз пок намудани хона касифиҳоро ҳамроҳи ҷорӯбҳо, ки гӯё тамоми ранҷу ғам, дарду алам, беморию фақри порина дар онҳо нуҳуфтааст, аз равзани хонаи урфӣ берун меандозанд. Бозпас ба пушт нанигариста, ба хона бармегарданд ва ба шустушӯйи хона, сафедкунӣ ва наққошии деворҳо машғул мешаванд.


Дар сафед кардан ва наққошии хона тамоми аъзои хонавода иштирок менамоянд. Бо орди наврӯзӣ дар ҳар панҷ сутуни хонаи урфӣ панҷтоӣ хол мегузоранд, дар деворҳо акси Офтоб, маҳтоб, ситораҳо, салиби шикаста (свастика), дарахти арча, гулҳо, кафтар ва нахчир, ки рамзи хайру баракат мебошанд, мекашанд. Имрӯзҳо барои наққошии наврӯзии хонаҳо аз коғазҳои рангин истифода мебаранд.

Баъди ба охир расидани тозакунӣ мардони хонавода бо шохаҳои дарахт, ки дар рӯи онҳо нақшҳо канда шудаанд ва онҳоро бо забони шуғнонӣ «Чухъалмофак» мегӯянд, вориди хона мешаванд ва занонро бо чунин суханон табрик мекунанд: Иди баҳор муборак!, занҳо бо табақи орд интизори онҳо ҳастанд ва ба китфи росташон орд мепошанд ва ҷавоб медиҳанд: Ба рӯи шумо муборак! (Ид ба шумо ҳам муборак бошад).

Дастархони идонаро, чун анъана, таоми боҷ-кашк, ки аз донаҳои  гандум бо гӯшт тайёр карда шуда, тамоми рӯз дар оташи паст пухта мешавад ва нон-ғӯзгартдъа, яъне ноне, ки аз  чормагзи кӯфташуда омода гардидаст, оро медиҳанд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар таҷлили ҷашни баҳору Наврӯз вижагиҳои хос дорад. Дар айёми Наврӯз одатан дар Помири баландкӯҳ барф меборад, аммо зимистони тӯлонӣ сокинонро водор менамояд, ки фарорасии шабу рӯз ва баҳорро бо шодӣ ҷашн гиранд.

Батайём (атола) баъд аз «Офтоб дар мард» дувумини маросими идонаи наврӯзӣ аст, ки дар Бадахшон таҷлил мешавад.

Вожаи «Батайём» аз номи ғизои маросимии солинавии «бат» гирифта шудааст. Батро, ки аз ҷиҳати мазза ва намуд ба дулма ё атола шабоҳат дорад, аз равған, шир ва орди навъи гандуми сурхаки ширинтаъм таҳия менамоянд. Агар ба ҷойи гандуми сурхак навъи дигари гандумро ба кор баранд, он вақт барои ширин шудани таъми бат аз талқон ё қанд истифода мекунанд.

Шеваи пухтани «бат» чунин аст: аввал дар дег равғанро доғ намуда, баъд орд меандозанд. Вақте ки орд бирён шуд, шир ва намакро ба он ҳамроҳ карда, то як соат меҷӯшонанд.

Дар деҳоти ноҳияи Рӯшон «Батайём»-ро се рӯз (чаҳоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа) ҷашн мегиранд. Рӯзи аввал хонасафедон (хонасафедкунӣ) унвон дорад, рӯзи дуюм батпазӣ (пухтани таоми идона) ва рӯзи сеюм салом-салом (хабаргирии хешону ҳамсояҳо).

 Ҳамзамон маросими дӯстдоштаи кӯдакон дар Наврӯз  «Кило ғузғуз» аст. Он бо фарорасии шомгоҳ фаро мерасад. Кӯдакон бесаброна интизори он ҳастанд. Яъне, шомгоҳон 8-10 нафар кӯдак бо рӯмол хона ба хона гашта, соҳибонро бо фарорасии Наврӯз табрик мекунанд ва барои ин туҳфаҳо мегиранд. Кӯдакон дари хонаҳоро мекушоянд, ё болои бом баромада, канори рӯймолро мепартоянд ва дарҳол онро мебанданду  суруд мехонанд.

Дар ҳоле, ки кӯдакон суруд мехонанд, соҳибон дар канори рӯймол ҳадя мегузоранд ва дар  дохили он  одатан танга ё шириниҳо мегузоранд.

Дар айёми қадим барои ин ҷавонон ба бом баромада, ба воситаи «рӯдз»– тирезаи шифт дар хонаи анъанавии бадахшонӣ туҳфаҳо мегирифтанд. Муҳимтар аз ҳама, дар ин рӯз наметавон ба меҳмонони омада чизеро рад кард.

Инчунин бадахшониҳо таҷлили якҷояи Наврӯзро хеле дӯст медоранд. Онҳо ба пешвози баҳор ҷамъ омада, тантанаҳои идона, мусобиқаҳои варзишӣ ва зиёфати бошукуҳ ташкил менамоянд ва аз ин чорабинӣ якҷоя баҳравар мешаванд.

 

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
 

АКС аз манбаъҳои боз

Март 23, 2024 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» ба татбиқи усулҳои нави инноватсионӣ дар соҳаи соҳибкории хурд ва миёна мусоидат менамояд
МАЪРИФАТИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Дастгоҳҳои барқии маиширо дар хона чӣ тавр бояд истифода намуд?
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои ҳидояткунанда ба рушду зиндагии шоиста мавқеи меҳварӣ доранд
ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
МАЪРИФАТИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Чӣ гуна бояд аз он истифода барем?
Тақвими ягонаи чорабиниҳои Наврӯз — 2025 дар шаҳри Душанбе таҳия гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли равғани зард дар зимистон эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳои сироятиро коҳиш медиҳад
Соли 2025 дар низоми ҳамлу нақли байналмилалӣ баъзе дигаргуниҳо ба амал меоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Интихобот ифодаи рушди демократия мебошад
ҚИМАТТАРИН ГАНҶИНАИ САРЗАМИНИ ПУРГАНҶ
Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар рушди тафаккури техникии насли наврас мақоми хосса дорад
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳар давлати миллӣ ба сифати арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама, забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимоя қарор медиҳад