Кадбонуи беҳтарини ноҳияи Шуғнон муайян гардид

Март 5, 2024 17:43

ХОРУҒ, 05.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Навободи  ноҳияи Шуғнон даври ноҳиявии озмуни  «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид. Дар озмун намояндагони панҷ ҷамоати деҳоти ноҳия иштирок намуда, намунаи таомҳои миллию маҳаллӣ ва ҳунарҳои бофандагию дӯзандагиро ба маърази тамошо гузоштанд, хабар медиҳад  хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

 Муовини Раиси ноҳияи Шуғнон Гулғунҷа Саидарабзода изҳор дошт, ки   иштирокчиёни беҳтарини озмуни  «Кадбонуи беҳтарин» ба озмуни ҷумҳуриявӣ, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе  баргузор мегардад, роҳхат мегиранд. Ҳадафи аслии баргузории озмун-  баланд бардоштани  мақоми зан дар ҷомеа, ҳарчӣ бештар тарғибу ташвиқ намудани ҳунарҳои дастӣ, таомҳои миллию маҳаллӣ, эҳё  ва ҳифзу нигоҳдошти расму суннатҳои миллии ниёгонамон  ва ба ин васила баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ дар байни занону духтарон мебошад.

Ҳайати ҳакамон ба дастурхони сокини деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнон Зӯҳро Холиқназарова аз ҳама бештар таваҷҷуҳ зоҳир  намуда, ба ӯ мақоми аввалро сазовор донистанд. Зеро ин кадбону дастурхонашро бо таомҳои аз ҷиҳати экологӣ пок оро дода буд. Дар хӯриш ё пешғизо аз як ва ё чанд намуди сабзавоти тару тоза, ҳамчунин сабзавоти пухта, гӯшту тухми обҷӯш ва баъзе намудҳои гиёҳҳои шифобахш истифода намудааст, ки ба гуфтаи ҳакамон,  хӯришро на танҳо болаззат, балки ба саломатии инсон фоидаовар низ гардонидаанд.

Акнун Зӯҳро ва ду ғолиби дигар ба озмуни вилоятӣ, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор мегардад, омодагӣ мебинанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 5, 2024 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад