Китоби маҷмуи суханрониҳои Президенти Тоҷикистон оид ба ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи обу иқлим ба ҳизбиён тақдим гардид

Март 20, 2024 11:32

ДУШАНБЕ, 20.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (21 март) аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баҳри дастрас намудани китоби «Маҷмуи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи обу иқлим дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба аъзои фаъоли ҳизб дар кумитаву ташкилоти ибтидоӣ, сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе, ғолибони озмунҳои шаҳриву ҷумҳуривӣ ва ҷавонону донишҷӯёни фаъол иқдом гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маҷмуи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи обу иқлим дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ шуда, дар шакли китоб таҳия гардид.

Гуфта шуд, ки бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд. Шаҳри Душанбе соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо мегардад.

Ин иқдом агар аз як чиҳат ғамхорӣ нисбат ба тамоми мардуми сайёра бошад, аз ҷониби дигар барои муаррифӣ намудани Тоҷикистон ҳамчун давлати пешоҳанги ҷаҳон дар масоили марбут ба об ва тағйирёбии иқлим нақши муассиру мондагор ва пурифтихор дорад.

 АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Март 20, 2024 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст