МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли растаниҳои баҳорӣ ба баланд шудани системаи иммунитет мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 30.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли баҳор дар Тоҷикистон ҳазорон намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯянд. Аз ҷумла, чукрӣ, торон, шибит, рошак, қоқу, каравчак ва дигар намудҳои растаниҳои барои саломатӣ муфид дар мамлакати мо зиёд месабзанд. Ба таври зарурӣ истеъмол намудани ин растаниҳо дар организм ба сифати маводи зиддисироятӣ ё антибиотик хизмат мерасонад.
Директори Муассисаи давлатии Маркази илмиву тадқиқотии фарматсевтии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Аҳмадзода иброз дошт, ки аз ҷумла дар таркиби баргу пояи растании чукрӣ 95 фоиз об, 7 фоиз сафеда, 2,9 фоиз қанд, 1 фоиз нахи ғизоӣ ва 1 фоиз кислотаи органикӣ мавҷуд аст. 100 грамми он 16 килокалория энергия дорад.
Ба гуфтаи мутахассис, дар таркиби чукрӣ 325 милиграмм калий, 35 милиграмм натрий, 44 милиграмм калтсий ва 17 милиграмм магний ва фосфор, каротин, витамини B1, B2, витаминҳои PP ва витамини С мавҷуд мебошанд.
Қисматҳои истифодашавандаи он дар тиб — барг, поя, реша, кундареша ва тухми растанӣ мебошанд, ки муҳлати нигоҳдорияшон то се сол аст.
«Абӯалӣ ибни Сино ин гиёҳро барои муолиҷаи диққи нафас, дарди меъдаву рӯда, илтиҳоби ҷигар, иллати гурдаву масона ва чун маводи иштиҳоовар тавсия додааст. Инчунин чукриро барои табобати омос, лату зарби узвҳо ва пок намудани рӯй аз доғҳои кунҷитак тавсия додаанд», — иброз дошт табиб.
Дар тибби мардумӣ чукриро чун гиёҳи иштиҳоовар ва барои илтиҳоби камшираи меъда, илтиҳоби ҷигару талхадон, тангшавии роҳҳои талха, табларза ва камхунӣ истифода мебаранд. Дар тибби муосир чукриро барои илтиҳоби пардаи луобии меъда, яъне гастрит, ки бар асари ин беморӣ хосияти шираҷудокунии меъда паст мешавад, тавсия менамоянд. Чукриро ба беморони дорои фишори баланди хун низ тавсия медиҳанд.
Гуфта мешавад, ки масъалаи омӯзиши олами набототи худрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаю сарфакоронаи онҳо яке аз масъалаҳои муҳим буда, солҳои охир аҳамияти илмию амалии он ба маротиб меафзояд. Хусусан боғикунонии гиёҳҳои ғизоӣ ва нодиру камёфти худрӯй дар шароити имрӯза басе зарур аст.
Ба гуфтаи мутахассисон, ин гурӯҳи растаниҳоро хоҷагидорон метавонанд дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва боғҳояшон бе мушкилӣ парвариш намоянд.
Ин растаниҳои ғизоии ёбоӣ ба нигоҳубин ва ғизодиҳии иловагӣ чандон эҳтиёҷи зиёд надоранд. Кишти тухми ҳамаи намудҳои растаниҳои ғизоӣ бояд моҳҳои октябр-ноябр гузаронида шавад, то сертификатсияи табииро гузаранд.
«Кормандони Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб солҳои охир ба парвариши растаниҳои ғизоӣ ва нодир, ки яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мераванд, шуруъ намудаанд. Солҳои охир кормандони боғ гурӯҳи калони растаниҳои ғизоӣ ва шифобахшро дар шароити боғ парвариш менамоянд, ки ин ба ҳифзу нигаҳдории минбаъдаи онҳо мусоидат менамояд»,- гуфт дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» директори Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб, доктори илмҳои биологӣ Мариё Бобоев.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд






