МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли растаниҳои баҳорӣ ба баланд шудани системаи иммунитет мусоидат менамояд

Март 30, 2024 16:17

ДУШАНБЕ, 30.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли баҳор дар Тоҷикистон ҳазорон намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯянд. Аз ҷумла, чукрӣ, торон, шибит, рошак, қоқу, каравчак ва дигар намудҳои растаниҳои барои саломатӣ муфид дар мамлакати мо зиёд месабзанд. Ба таври зарурӣ истеъмол намудани ин растаниҳо дар организм ба сифати маводи зиддисироятӣ ё антибиотик хизмат мерасонад.

Директори Муассисаи давлатии Маркази илмиву тадқиқотии фарматсевтии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Аҳмадзода иброз дошт, ки аз ҷумла дар таркиби баргу пояи растании чукрӣ 95 фоиз об, 7 фоиз сафеда, 2,9 фоиз қанд, 1 фоиз нахи ғизоӣ ва 1 фоиз кислотаи органикӣ мавҷуд аст. 100 грамми он 16 килокалория энергия дорад.

Ба гуфтаи мутахассис, дар таркиби чукрӣ 325 милиграмм калий, 35 милиграмм натрий, 44 милиграмм калтсий ва 17 милиграмм магний ва фосфор, каротин, витамини B1, B2, витаминҳои PP ва витамини С мавҷуд мебошанд.

Қисматҳои истифодашавандаи он дар тиб — барг, поя, реша, кундареша ва тухми растанӣ мебошанд, ки муҳлати нигоҳдорияшон  то се сол аст.

«Абӯалӣ ибни Сино ин гиёҳро барои муолиҷаи диққи нафас, дарди меъдаву рӯда, илтиҳоби ҷигар, иллати гурдаву масона ва чун маводи иштиҳоовар тавсия додааст. Инчунин чукриро барои табобати омос, лату зарби узвҳо ва пок намудани рӯй аз доғҳои кунҷитак тавсия додаанд», — иброз дошт табиб.

Дар тибби мардумӣ чукриро чун гиёҳи иштиҳоовар ва барои илтиҳоби камшираи меъда, илтиҳоби ҷигару талхадон, тангшавии роҳҳои талха, табларза ва камхунӣ истифода мебаранд. Дар тибби муосир чукриро барои илтиҳоби пардаи луобии меъда, яъне гастрит, ки бар асари ин беморӣ хосияти шираҷудокунии меъда паст мешавад, тавсия менамоянд. Чукриро ба беморони дорои фишори баланди хун низ тавсия медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки масъалаи омӯзиши олами набототи худрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаю сарфакоронаи онҳо яке аз масъалаҳои муҳим буда, солҳои охир аҳамияти илмию амалии он ба маротиб меафзояд. Хусусан боғикунонии гиёҳҳои ғизоӣ ва нодиру камёфти худрӯй дар шароити имрӯза басе зарур аст.

Ба гуфтаи мутахассисон, ин гурӯҳи растаниҳоро хоҷагидорон метавонанд дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва боғҳояшон бе мушкилӣ парвариш намоянд.

Ин растаниҳои ғизоии ёбоӣ ба нигоҳубин ва ғизодиҳии иловагӣ чандон эҳтиёҷи зиёд надоранд. Кишти тухми ҳамаи намудҳои растаниҳои ғизоӣ бояд моҳҳои октябр-ноябр гузаронида шавад, то сертификатсияи табииро гузаранд.

«Кормандони Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб солҳои охир ба парвариши растаниҳои ғизоӣ ва нодир, ки яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мераванд, шуруъ намудаанд. Солҳои охир кормандони боғ гурӯҳи калони растаниҳои ғизоӣ ва шифобахшро дар шароити боғ парвариш менамоянд, ки ин ба ҳифзу нигаҳдории минбаъдаи онҳо мусоидат менамояд»,- гуфт дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» директори Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб, доктори илмҳои биологӣ Мариё Бобоев.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 30, 2024 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

РИСОЛАТИ ТАЪРИХИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳо ба ифтихори 30-солагии таъсиси ҳизб
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ифодагари ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мардуми Тоҷикистон аст
ШУМОРАИ ХОҶАГИҲОИ ТУХМИПАРВАРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БА 128 АДАД РАСИД. Аммо норасоии тухмии зироати кишоварзӣ то ба ҳол боқӣ аст
«СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ». Доир ба беҳтар намудани кумаки статсионарӣ ба модарон, навзодон ва кӯдакон машғулият доир гардид
Давоми шабонарӯзи охир бар асари бориши шадид дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сел ба амал омад
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Вазири корҳои дохилӣ бо ҷавонони фаъол вохӯрӣ намуд
Рушди дипломатияи варзишӣ ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон аст
18 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Онҳо ба мардум фароғати фарҳангӣ бахшида, бо таърих ва фарҳанги қадимӣ шинос менамоянд
Директори Хазинаи байналмилалии асъор бо занони пешсафи тоҷик мулоқот намуд
ОСОРХОНА — ОИНАИ ТАЪРИХИ ХАЛҚ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Дар шаҳри Бохтар Фестивали бозиҳои миллӣ баргузор гардид
«МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон конференсияи 4-уми байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд