МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли равғани зард эҳтимоли гирифтор шудан ба сироятҳои гуногуни вирусиро коҳиш медиҳад

Март 17, 2024 14:37

ДУШАНБЕ, 17.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Равғани зард ё равғани ҳайвонот навъи равғане мебошад, ки онро аз таркиби равғани шири гов, гӯсфанд ва буз пас аз гарму гудохта кардан ба даст меоранд. Муҳимтарин хусусияти равғани зард он аст, ки он масунияти баданро мустаҳкам намуда, эҳтимоли гирифтор шудан ба сироятҳои гуногуни вирусиро коҳиш медиҳад. Ҳамзамон он давои хуб барои рафъи сӯхтагӣ, доғ ва илтиҳоби пӯст мебошад.

Ҳангоми коркард ҳама моддаҳои зараровар дар равған ҳал мешаванд ва танҳо моддаҳои фоиданок боқӣ мемонанд. Ба гуфтаи мутахассисон, равған дорои витаминҳои В, инчунин A, E, D, PP мебошад. Ин маҳсулотро ба шир андохта, нӯшидан хуб аст. Ин нӯшокӣ роҳҳои нафасро мулоим намуда, барои рафъи сулфа кумак менамояд.

Равғани зард аз ҷиҳати хусусияти давоӣ аз маска қавитар мебошад. Агар инро бихӯранд ва гузошта банданд, варамҳоро хуб ва гиреҳҳои баданро мекушояд.

Дар китоби «Канзи шифо» омадааст, ки беҳтарини он равғани гов аст, ки сабуктар мебошад, баъд аз он равғани гӯсфанд аст, ки ин ғализтар мебошад. Мизоҷи ҳамаи навъҳои он дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. «25 грамм равғани зардро бо 210 грамм оби анор биёшоманд, исҳоли хунинро шифо мебахшад. Агар ин равғанро бихӯранд,  пӯстро мулоим, чеҳраро пок ва майнаро аз моддаҳои бегона соф месозад. Узвҳои даруни синаро аз моддаҳои нодаркор пок мегардонад, баданро фарбеҳ месозад, барои сурфаи хушк, зардпарвин ва иллатҳои сипурз даво мебошад, инчунин санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад».

Агар лабонатон хушк монад, пас ба он каме равғани зард молед, то онҳоро нарм намояд. Набудани хоб метавонад боиси доғҳои атрофи чашм гардад, барои ин ҳам мебояд қабл аз хоб равғанро гирифта ба атрофи чашм бимолед. Сӯхтагӣ ва доғҳо дар пӯст бо молидани равғани зард ба зудӣ рафъ мешаванд. Истеъмоли ҳамешагии равған биноии чашмро беҳтар месозад.

Ба гуфтаи мутахассисон, миқдори як бор хӯрдан аз равғани зард дар як рӯз то 50 грамм аст. Қуввати поксозандагӣ ва таҳлилдиҳандагӣ дар равғани зарди кӯҳна назар ба равғани нави он зиёдтар аст. Таъсираш барои баданҳои миёнаҳол назар ба баданҳои қавӣ зиёдтар мебошад. Он барои варамҳои баногӯш фоида дорад.

Агар ин равғанро ҳафт шаб пай дар пай ба рухсора молида бихобанд, пӯсти рӯйро пок, неку ва соф мегардонад, инчунин маскаро ҳам бо чунин усул бимоланд, ҳамин гуна фоида дорад.


Равғани зарди аз шири гов омодашуда дорои тамоми маводи ғизоии зарурӣ буда, инчунин  хосияти зиддивирусӣ, антиоксидантӣ, зиддибуҳронӣ ва зиддибактериявӣ дорад.

Мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, ки агар онҳое, ки бо холестерини зиёд дар бадан мушкилӣ доранд, бояд донанд, ки равғани зард нисбат ба маска намунаи солимтар маҳсуб мешавад. Зеро дар равғани зард нисбат ба маска равғаннокӣ камтар аст, ба ин хотир он дар бадан хубтар ҳазм мешавад.

Равғани ҳайвонот манбаи бойи кислотаи бутирикӣ мебошад. Ин кислота ба аксуламали иммунӣ пайваст мешавад, ки барои коҳиш додани илтиҳоб ва беҳтар намудани фаъолияти системаи ҳозима кумак мерасонад. Равғани зард инчунин ба ҷудошавии шираи меъда ва ҳазми дурусти ғизо мусоидат менамояд.

Равғани зард ҳамзамон антиоксидантҳои зиёде дорад, ки онҳо ба баланд шудани қобилияти бадани одам барои азхудкунии витаминҳо ва минералҳое, ки мо аз хӯрок мегирем, кумак расонида, дар навбати худ системаи иммунии инсонро мустаҳкам менамоянд. Таҳқиқоти олимон нишон дод, ки вақте ки кислотаи бутирик ба таври кофӣ ҳосил мешавад, он ҳосилшавии ҳуҷайраҳои иммуниро дар рӯда дастгирӣ менамояд ва ба ин васила системаи масунияти инсон мустаҳкам мегардад.

Ба назари ғизошиносон, равғани зард намунаи хуб барои пухтупаз аст, махсусан барои тафдиҳии маҳсулот. Зеро бар хилофи бисёре аз равғанҳои барои пухтупаз таъйиншуда он ба радикалҳои озоди зараровар тақсим намешавад ва дар ҳарорати баланд газҳои зараровар низ ҳосил намекунад. Ин равған дар ҳарорати 500 дараҷа дуд менамояд, он ҳам дар ҳоле, ки дигар намуди равғани муқаррарӣ бо 350 дараҷаи Фаренгейтӣ дуд менамояд.

Равғани зард аз зумраи маъмултарин давои табиӣ аз сӯхтагӣ буда, онро барои рафъи варамҳои гуногуни узвҳои бадан ба таври васеъ истифода мебаранд. Ҳамзамон ин намуди равғанро барои кам намудани илтиҳоби пӯст низ ба василаи молидан ба ҷойи зарардида истифода мебаранд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 17, 2024 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Одатҳои бад яке аз омилҳои сар задани бемории саратон мебошад
Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид