МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Лимӯ давои бемориҳои онкологӣ, фишорбаландӣ, рӯдаю меъда ва асаб мебошад

Март 2, 2024 14:22

ДУШАНБЕ, 02.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар байни дарахтони мевадиҳандаи ситрусӣ лимӯ аз лиҳози хусусияти ғизоӣ ва шифоӣ  дар ҷои аввал меистад. Дар таркиби лимӯ витаминҳо, моддаҳои ғизоӣ ва  кислотаҳои органикӣ  мавҷуд ҳастанд, ки таъминкунандаи дурусти мубодилаи моддаҳои организми инсон ва антиоксидант ба муқобили барангезандагони бемориҳои онкологӣ маҳсуб мешаванд. Лимӯ асосан ба бемориҳои шамолхӯрдагӣ, фишорбаландӣ, рӯдаю меъда ва асаб шифо мебахшад.

Дар таркиби  лимӯи  тоҷикӣ аз 24 то 27 фоиз витамини С, А ва ПП  мавҷуд аст, ки таъминкунандаи устувори рагҳои хунгард буда, инсонро аз касалиҳои инсулт ва фишорбаландӣ эмин нигоҳ медоранд. Инчунин лимӯро дар омода намудани хӯрокҳо, нӯшобаҳо ва қаннодӣ васеъ истифода менамоянд, ки ин ба манфиати солимии инсон аст. Ҳамзамон набояд фаромӯш намуд, ки мардуми тоҷик агар ба ягон кишвари хориҷӣ сафар намоянд, вобаста ба мавсими сол ҳатман лимӯ савғо мебаранд.

Табибон хӯрдани лимӯро ба нафарони гирифтори бемориҳои дилу рагҳо, фарбеҳӣ, санги гурда ва камхунӣ тавсия медиҳанд. Зеро нахҳо ва пайвастагиҳои растанӣ, ки дар таркиби лимӯ мавҷуд ҳастанд, сатҳи холестеринро дар хун паст намуда, инсонро аз сар задани сактаи дил эмин нигоҳ медоранд.

Таҳқиқоти як зумра олимон нишон дод, ки касоне, ки лимӯ бештар истеъмол менамоянд, ба саратон камтар гирифтор мешаванд. Ба гуфтаи олимон, бисёр пайвастагиҳои растанӣ, ки дар таркиби меваҳои ситрусӣ мавҷуд мебошанд, дар пешгирии саратон нақши муҳим мебозанд.

Истеъмоли лимӯ ба занони ҳомила, ширдеҳ, кӯдакони то сесола ва шахсоне, ки ба меваҳои ситрусӣ ҳассосият доранд, инчунин нафароне, ки гирифтори захми меъдаю туршии зиёди меъда ҳастанд, тавсия дода намешавад.

Дар китоби «Канзи Шифо» чунин омадааст: «…чун лимӯро бо корд бурида, тарафи буридаи онро дар оташ гарм намуда, ба пешонӣ ва чаккаҳои сар батакрор бимоланд, дарди сареро, ки сабабаш гармӣ бошад, таскин мебахшад. Ва агар буридаи лимӯро ба пӯст бимоланд, доначаҳои дар пӯст буда (аллергия) ва хушк шудани пӯсти баданро шифо мебахшад. Ҳамзамон агар ба рухсора бимоланд, онро пок ва чиркҳояшро нест менамояд».

Ба гуфтаи мутахассисон, истеъмоли лимӯ ба асаб ва гирифторони сурфаи хунукмизоҷ зарар дорад. Агар ҳангоми холӣ будани меъда бихӯранд, рӯдаҳоро заиф мегардонад ва дар ин узвҳо дард пайдо мешавад. Давои ҳамаи ин зарарҳояш шакар ва асал хӯрдан аст.

Табибон иброз медоранд, ки агар лимӯро ба танҳоӣ ба таври доимӣ бихӯранд, хобро мегурезонад. Бинобар ҳамин  тавсия медиҳанд, ки лимӯро бо шакар ё қанди сафед бояд бихӯранд.

Дар таркиби лимӯ моддаҳои зиёди барои инсон муфид мавҷуд ҳастанд ва онро барои бисёр бемориҳо истифода мебаранд. Лимӯро барои бемориҳои авитаминоз, атеросклероз низ истифода мебаранд. Ин мева дар таркибаш миқдори зиёди кислотаи лимӯӣ, об ва якчанд витаминҳои муфид дорад. Лимӯ хусусияти гемостатикӣ дорад, бинобар ин онро барои хунравии бинӣ, меъда ва ҳатто хунравии милки дандон истифода мебаранд.

Ба гуфтаи узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон, профессор Саидалӣ Гулов, лимӯи тоҷикӣ яке аз меваҳои содиротии Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат мебошад ва онро метавон бренди тоҷикӣ эътироф намуд. «Лимӯи тоҷикӣ аз лиҳози лаззат, тунукии пӯст, ранг, намуди зоҳирӣ ва таркиби биохимиявиаш аз дигар намудҳои он бартарӣ дорад. Бо истифода аз имконот ва иқтидори мавҷудаи аграрии мамлакат зиёд намудани парвариши он ҳам ба манфиати лимӯпарварон ва ҳам ба баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат равона гардидааст»,-изҳор медорад коршинос.

Мутахассисони соҳаи кишоварзӣ баён медоранд, ки лимӯи тоҷикӣ ба иқлими Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ- ба хушкӣ ва гармии +40+45 дараҷа тоб меорад, қадаш на он қадар баланд мебошад, зеро дар ҳарорати +40+45 дараҷа парвариш намудани лимӯҳои қадбаланд ба манфиат нест. Баландии  дарахтони лимӯҳои Тоҷикистон 3-4 метрро ташкил медиҳад. Инчунин лимӯи тоҷикӣ ҳосилнокии зиёд дорад ва ҳар сол ҳосили хуб дода метавонад.

Ватани лимӯ Ҳинду Чин буда, алҳол дар ҷаҳон беш аз сад намуди лимӯ мавҷуд аст. Дар шароити Тоҷикистон ҳафт намуди лимӯ парвариш шуда, онро аз қаламча зиёд менамоянд. Олимони тоҷик  тарзи парвариши лимӯро кор карда, онро ба деҳқонон омӯхтаанд. Барои зимистонгузаронӣ ҳарорати дохили гармхона бояд аз +4+5 то +8+10 дараҷа мусбат бошад, ки муғҷаҳои ҳосилдиҳандаи онро сармо назанад. Дар ҳолати ҳарорати  -4 то -7 дараҷа тамоми қисми рӯизаминии лимӯро  сармо мезанад. Барои ҳамин дар шароити Тоҷикистон зарур аст, ки лимӯро ҳатман дар хандақ парвариш намоем, зеро ҳар сол ҳарорати манфӣ аз -10  -12 то -14 -18 ва дар ҳар  25-30 сол то -20-25 дараҷа сардӣ мушоҳида мешавад, ки ин барои парвариши растаниҳои ситрусӣ, аз ҷумла лимӯ хеле хатарнок аст. Мавсими гулкунии лимӯ охири моҳи феврал ва март оғоз ёфта, давраи пухта расидани ҳосилаш моҳҳои октябр –ноябр мебошад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 2, 2024 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии қонунгузорӣ: «Дар шаш моҳи соли равон 9 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуд»
Дар Тоҷикистон дар 3 соли охир 104 муассисаи томактабӣ, 276 толори варзишӣ ва 879 майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст
АЛОМАТҲОИ ОФТОБЗАНӢ КАДОМҲОЯНД? Мутахассисони соҳаи тиб ба ин суол посух доданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Дар Тоҷикистон чор Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиётӣ амалӣ мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии нозироти минтақавии ШВКД-1 ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Ҳисор доир ба нақши занон дар рушди ҷомеа ҳамоиш доир гардид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар ҳавои гарм либосҳои аз матои табиӣ пӯшед, бештар об нӯшед, мева ва ғизои сабук истеъмол кунед! »
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 31 июл боқӣ мемонад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар пешгирии Вируси норасоии масунияти одам дар конфронси байналмилалӣ матраҳ гардид
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Кишоварзони Исфара ба ҷамъоварии гандум оғоз карданд
Дар Панҷакент дар масоҳати як гектар гармхонаи замонавӣ бунёд мегардад
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин бунёд мешавад