Намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таэквондо дар қораи Осиё иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 14.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 15-16 марти соли 2024 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таэквондо дар қораи Осиё баргузор мегардад. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби Федератсияи таэквондо WTF-и Тоҷикистон ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 3 варзишгар – Муҳаммадҷон Суннатов дар вазни то 68кг, Моҳру Ҳалимова дар вазни то 67кг ва Мунира Абдусаломова дар вазни +67кг барои иштирок мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳод шудаанд.
Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд варзишгарон дар ҳашт вазн – 4 вазн байни мардҳо, 4 вазн байни духтарон барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 рақобат менамоянд.
Тибқи низомнома, дар ҳамаи вазнҳо ду роҳхат дода мешавад. Яъне варзишгароне, ки ба финал мебароянд, имкони ширкат дар Бозиҳои олимпиро пайдо менамоянд.
АКС аз сомонаҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






