НАВРӮЗ АЗ НИГОҲИ АСТРОНОМӢ. Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март фаро мерасад

Март 19, 2024 08:29

ДУШАНБЕ,19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март фаро мерасад. Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, сайёраи мо 20 марти соли 2024, соати 03:06-и вақти ҷаҳонӣ баробар ба соати 08:06-и вақти маҳаллӣ нуқтаи эътидоли баҳориро бурида мегузарад, ки тибқи он боз як рӯзи нав фаро расида, дар нимкураи шимолӣ оғози фасли баҳор шуруъ мегардад ва ин вақт ҳамчун вақти омадани Наврӯз дар Тоҷикистон ва ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар байни халқияту миллатҳои ҷаҳон чандин ҷашнҳои бошукуҳ мавҷуд ҳастанд, ки қариб ҳамаи онҳо сароғоз дар сатҳи ин ва ё он халқият ба вуҷуд омада, баъдан бо дарки  моҳият бо гузашти айём дар миқёси чандин мамлакат ва ё дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешаванд. Наврӯз низ аз ҷумлаи онҳо аст. Яъне иди Наврӯз дар ибтидои пайдоиш байни мардуми ориёӣ, хосса тоҷикон тибқи фарҳанги Митраизму Зардуштӣ (оташпарастӣ)  ба вуҷуд омада, то инҷониб давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун ҷашни мардумӣ, иди офариниши оламу одам, эҳё ва ё растохези табиат, поксозии зоҳиру ботини инсонӣ, ҷашни лутфу марҳамат, садоқату латофат, оғози  ҳаёти нав, ҷашни башардӯстӣ ва ғайра, новобаста аз истилои аҷнабиён дар марҳилаҳои ҷудогонаи таърихӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил шуда, баъдан ба яке аз ҷашнҳои бошукуҳи байналмилалӣ табдил ёфт.

Ҳамаи ҷашнҳо, бешак, дар андозаи макону замон (фазову вақт) мавқеи муайянро дар бар мегиранд. Ҷашни Наврӯз дар гунбази фалак (сфераи осмон) мақоми хосро доро буда, ба оғози соли нави астрономӣ  мувофиқ меояд, ки заминаи боэътимоди илмию амалиро нишон медиҳад. Мутобиқи маълумоти фарҳангию таърихи бостон, гузаштагони мо аз замонҳои қадим дар осмон чор ҳолати нисбатан хосаи аз ҳамдигар фарқкунандаи мавқеъгирии Офтобро ҳангоми ҳаракати солонааш байни бурҷҳои осмонӣ дақиқ омӯхта, омад-омади ҷашни Наврӯзро муайян намудаанд.

Олимон барои муайян намудани мавқеъгирии Офтоб ва низоми он дар андозаи фазову вақт, муайян намудани фаслҳои сол, методҳои дақиқ, дастгоҳҳои мушоҳидавӣ ва иншооти махсусро  ҳанӯз аз замонҳои қадим бунёду мавриди истифода қарор доданд, ки дар ин маврид далелҳои зиёде мавҷуд ҳастанд.

Аз ҷумла, фарҳангиёни бостонии мо қариб се ҳазор сол пеш аз ин дар ҳудуди шимолу шарқии Бадахшони шарқии мамлакат дар ҳамвории соҳили дарёи Шолор, шохоби чапи дарёи Калтатур ва дарёи Какуйбел, инчунин соҳили шарқии кӯли Қароқул, воқеъ дар мавзеи зимистонгузаронии Караарт се маҷмааи иншооти махсуси сангине бунёд намудаанд, ки ҳар кадоме нақши расадхонаи Офтобиро дар замони худ иҷро менамуд. Масалан, дар ҳудуди маҷмааи сангини  дарёи Какуйбел тири боҳашамати сангине сохта шудааст, ки бараш 3 метр ва дарозиаш 27 метрро ташкил намуда, он мушаххасан ба самти уфуқии ҷои баромади Офтоб дар рӯзи ҷашни Наврӯз равона шудааст. Яъне ин маҷмааи сангинро донишмандони он замон барои муайян намудани баробаршавии шабонарӯзии баҳорӣ, тирамоҳӣ ва эътидоли тобистонаю зимистонаи Офтоб, ки барои мураттабсозии корҳои кишоварзӣ ниҳоят зарур буданд, бунёд намудаанд. Хотирнишон менамоем, ки ин маҷмааҳои сангин дастгоҳи азимутии Офтобӣ буда, ҳамчун нусхаҳои нотакрори илмии қадим ва асрҳои миёна ба ҳисоб мераванд. Ин иншооти илмии бостонӣ аз ҷониби ходимони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мавриди тадқиқоти илмӣ қарор гирифтааст.

Мавриди ёдоварӣ  аст, ки мардуми ҳар мавзеъ- хоҳ шаҳрнишин бошад, хоҳ деҳнишин ба таври анъанавӣ аз қадим ҷойи офтоббарою офтобнишинро дар фаслҳои гуногуни сол мушоҳида намуда, фарорасии Наврӯзро новобаста аз марказҳои идоракунии маъмурӣ хуб муайян мекарданд. Гузашта аз ин ба мавқеи офтоббарою офтобнишин номҳои хоссаро мувофиқ медонистанд.

Мавқегирии  хоссаи Офтоб дар фаслҳои гуногуни сол, аз ҷумла дар эътидоли баҳорию тирамоҳӣ аз диди илмӣ- ин ҷойгузинии ин ҷирми мунир дар ду нуқтаи хатти бурриши ҳамвориҳои экватори олам бо эклиптика (ҳамворие, ки дар он ҳаракати  Офтоб давоми сол мушоҳида мешавад) мебошад. Ба ибораи дигар, Офтоб давоми сол ду маротиба экватори оламро бурида мегузарад, ки давомнокии шабу рӯз дар ин нуқтаҳои бурриш бо ҳам баробар буда, 12-соатиро ташкил медиҳад. Ду ҳолати дигари фарқкунандаи ҷойгиршавии Офтобро дар кураи осмон нуқтаҳои эътидоли тобистонаи Офтоб – 22 июн, ки ба дарозтарин рӯзи сол мувофиқ меояд ва дигаре 22 декабр – эътидоли зимистонаи Офтоб (шаби дарозтарини сол) ташкил медиҳанд.

Дар байни мардуми форсзабон чор ҳолати мавқеъгирии хоссаи Офтоб дар кураи осмон аз қадим ҳамчун ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон маъруфу маъмул буданд. Ҳатто дар замони салтанати Ҳахоманишинон дар Эрони ғарбӣ ҷашни соли нав дар эътидоли тирамоҳӣ бо унвони ҷашни Митракон ё Меҳргон таҷлил мегардидааст.

Дар илми астрономия (ситорашиносӣ) нуқтаи баробарии шабонарӯзии баҳорӣ ҳамчун нуқтаи сарҳисоби вақт ва муайянкунандаи мавқеи ҷирмҳои мунири осмонӣ зимни таҳқиқоти илмӣ байни тамоми олимон ва муҳаққиқон, сарфи назар аз дину оин, нажоду миллаташон пазируфта шудааст. Ин тақвим аз оғози рӯзи нави сол – яъне ҷашни Наврӯз, ки Офтоб аз нимкураи ҷанубӣ хатти экватори оламро бурида, ба нимкураи шимолии осмон ворид мешавад, шуруъ гардида, давомнокии сол дар он ба 365 рӯзу 5 соату 48 дақиқаву 46 сония баробар аст.

Новобаста аз интихоби оғози солшумориҳо ҳамаи тақвимҳо вобаста ба ҳаракати Замин дар атрофи тири меҳвараш (шабонарӯзӣ) ва дар атрофи Офтоб, ҳаракати Моҳтоб дар атрофи Замин ва ҳаракати якчояи Замину Моҳтоб дар атрофи Офтоб тартиб дода мешавад. Ва дар ин замина ба ҳамагон се намуди тақвим- қамарӣ, қамарӣ- шамсӣ ва шамсӣ маълуманд, ки дар Тоҷикистон тақвими шамсӣ ва қамарӣ мустақиман мавриди истифода қарор дорад.

Тақвими қамарӣ бо навшавии фазаҳои Моҳ, ки дар натиҷаи ҳаракати Моҳтоб дар атрофи Замин ба амал меоянд, тартиб ёфтааст. Ин навшавии моҳ давоми сол 12 маротиба ба амал омада, теъдоди рӯзҳо дар ин тақвим ба 355- 356 баробар аст. Тағйирёбии фазаҳои Моҳ, яъне аз як навшавӣ то навшавии навбатиро моҳи синодӣ гӯянд, ки давомнокии он ба 29,53059 ё худ 29 рӯзу 12 соату 44 дақиқаю 2,9 сония баробар аст.

Тақвими шамсӣ ба ҳаракати солонаи Замин дар атрофи Офтоб асос ёфта, теъдоди рӯзҳои сол дар он ба 365-366 рӯз баробар аст. Бо назардошти он ки теъдоди рӯзҳои тақвими қамарӣ аз шамсӣ 10-12 шабонарӯз фарқ дорад, ҳар сол идҳои рамазону қурбон 10 -12 шабонарӯз пештар нисбат ба соли гузаштааш фаро мерасанд.

Дар соҳаи илми астрономия ва кайҳоншиносӣ тамоми олимони дунё, новобаста аз дину оин ва миллат зимни коргузорӣ ва муайян намудани замону макон, ҷирмҳои мунири осмон аз тақвими астрономӣ, ки дар он давомнокии сол дар асоси мушоҳидаҳо ва омилҳои ба саҳеҳии вақт таъсиркунанда дақиқ муайян мешаванд, истифода менамоянд.

Ҳамин тариқ, оғози соли нав- Наврӯз дар сарзамини бостонии мо бунёди фарҳангӣ дошта (ба далелҳои илмӣ-мушоҳидавӣ асос ёфтааст), на танҳо ҷашни мардумии мамлакат, балки ҷашни кулли фарҳангиёни сайёра мебошад, яъне ҷашни байналмилалӣ маҳсуб мешавад.

Анвар БУРИЗОДА,
Директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
 номзади илмҳои физика ва математика

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 19, 2024 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон