Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Филармонияи давлатии Беларус чорабинии идона ва барномаи консертии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар медиҳад.
Дар чорабинӣ намояндагони парлумон, вазорату идораҳои Ҷумҳурии Беларус, роҳбарону кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои фарҳангӣ, аҳли зиё, воситаҳои ахбори омма, инчунин теъдоди зиёди ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷик ҳузур доштанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода зимни суханронӣ оид ба мазмуни фарҳангӣ, маъно ва арзишҳои ҷашни Наврӯз, ки таҷассумгари фарорасии баҳор, поквиҷдонӣ, майлу рағбат ба пешрафт ва ваҳдати мардумони гуногунмиллат мебошад, муфассал ибрози назар намуд. Дар баробари ин, бо изҳори хушнудӣ таъкид гардид, ки солҳои охир ин ҷашни бостонӣ ва ҷовидона, ҳамчун рамзи саховатмандиву накӯкорӣ, пайғоми таҳаммулпазирӣ ва дӯстии байни миллатҳо эътирофи байналмилалӣ пайдо карда, дар бисёри кишварҳои ҷаҳон ба таври васеъ таҷлил мегардад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки ташкил ва баргузории барномаи консертии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар чаҳорчӯби ҳамкории фарҳангии ду мамлакат танзим гардида, таҷассумгари дӯстию рафоқати мардумони ду давлат ва муносибатҳои самимию фарҳангпарваронаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко мебошад.
Дар навбати худ, Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ Сергей Бартош дар суханронии хеш мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни Наврӯз табрик гуфта, аз муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории рушдёбандаи байнидавлатӣ ёдовар шуд.
Боиси таззакур аст, ки ба муносибати ҷашни Наврӯз дар Филармонияи давлатии Беларус аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон бо дастгирии Анҷумани байналмилалии «Сомониён» намоишгоҳи сарвати фарҳанги тоҷик, таърих ва мероси миллии мамлакат ташкил карда шуд. Ба иштирокчиёни чорабинӣ гӯшаи китобҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нигораҳо, либосҳои миллӣ, намунаҳои асбобҳои мусиқӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастархони наврӯзӣ иборат аз рамзҳои «Ҳафт син» ва «Ҳафт шин» муаррифӣ гардид, ки дар маркази таваҷҷуҳи меҳмонони сершумори чорабинӣ қарор гирифт. Гузашта аз ин, навозандагони ансамбли эстрадии оркестр бо иҷроиши зиндаи карнай ва сурнай ва дигар асбобҳои мусиқӣ қисмати намоишии чорабиниро боз ҳам рангин ва ғанитар гардониданд.
Пас аз анҷоми қисми тантанавии расмии ҷашни Наврӯз барномаи консертии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Санъати мусиқии тоҷик, оҳангҳо ва рақсҳои ҷолиби миллӣ дар иҷрои ҳунармандони номдор ба ҳозирин таассурот ва ҳиссиёти фаромушнашаванда бахшиданд.
Чорабинии идона бо меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон идома ёфта, дар фарҷом ба иштирокчиёни ҷашн зиёфати идона бо таомҳои болаззати миллӣ ташкил карда шуд.
Чорабинии мазкур армуғони фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми бародари Беларус ва ҳамватанони муқими ин кишвари ба мо дӯст мебошад. Сафир ба ҷониби Беларус барои дастгирӣ дар ташкили ин чорабинии фарҳангӣ изҳори миннатдории самимӣ иброз намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус























Низоми бераводид байни Тоҷикистон ва Молдова нигоҳ дошта мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Ассамблеяи парлумонии Осиё мулоқот намуд
Сафорати Тоҷикистон дарҳояшро барои хонандагони Москва боз намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод нишасти матбуотӣ оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии об баргузор гардид
Ҳолати кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Таиланд баррасӣ гардид
Масоили тавсеа ва рушди муносибатҳои мутақобили судманд байни Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Шараф Шерализода дар Барселона бо намояндагони ниҳодҳои Испания мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба нақлиёт ва коммуникатсия мулоқот намуд
Дар Шуша ҷаласаи 7-уми вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба сайёҳӣ баргузор гардид
Зарурати тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва иёлоти Ютаи Амрико таъкид шуд






