«НАВРӮЗ — ОМИЛИ ВАҲДАТИ МИЛЛАТҲО». Дар ноҳияи Ховалинг дар ин мавзуъ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки 9 марти соли 2024 баргузор гардид, дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон дар мавзуи «Наврӯз — омили ваҳдати миллатҳо» ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш иштирокдорон доир ба арзиши баланди таърихӣ доштани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва одату суннатҳои неки он сухан гуфтанд.
Таъкид гардид, ки суннату анъанаҳои неки ҷашни Наврӯз рамзу намоди иттиҳоду ваҳдати инсониятро таҷассум намуда, аз таърихи пурғановати миллати тоҷик дарак медиҳанд.
«Эҳёи миллӣ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил гардидани Наврӯз далели аслу маслаки нек доштани ин ҷашн мебошад. Ҷашни Наврӯз бо шаҳомат, бузургӣ ва арзиши баланди фарҳангияш дар ташаккулу таҳаввули тамаддуни на фақат қавмҳои ориёӣ, балки дар пешрафту такомули маданияти башар нақши арзанда гузоштааст», — тазаккур дода шуд дар ҳамоиш.
Изҳор гардид, ки дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи хотираи таърихии миллат ва зинда намудани суннату анъанаҳои миллӣ мақоми махсус дорад. Бо ташаббуси Сарвари давлат ҷашни Наврӯз ва дигар унсурҳои фарҳангии миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шуданд. Ҳоло дар тамоми гӯшаҳои сайёра ба истиқболи ҷашни Наврӯз чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд ва ин омил сабаб мешавад, ки фарҳанги волою қадимии миллат дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардад.


Иброз шуд, ки мардуми тоҷик бояд бо доштани чунин иду ҷашнҳо ва фарҳангу тамаддуни оламгир ифтихор дошта бошанд ва ба арзишҳое, ки аз гузаштагон боқӣ мондаанд, эҳтиром гузоранд.
Иштирокдорон ҳамчунин аз арзишмандии илмӣ ва паҳлуҳои пажуҳишии ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла иди Наврӯз ёдовар шуда, зарурати гиромидошт ва ҳифзи арзишҳои давоми солҳои истиқлол ба даст овардаро таъкид намуданд.
Гуфта шуд, ки эҳёи анъанаҳои миллӣ ва иду ҷашнҳо гузаштаро ба имрӯз ва имрӯзро ба оянда пайванд медиҳанд ва насли навро дар руҳияи худогоҳиву ҳувиятхоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия менамоянд.
Дар фарҷом ба китобхонаи ноҳияи Ховалинг ҷилдҳои китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» тақдим гардиданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
НАВРӮЗ — ВАСИЛАИ МУАССИРИ МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНҲО. Таҳти ин унвон конфронси илмию амалӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид






