НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҷашни Наврӯзро бо ба ҷо овардани анъанаҳои қадимӣ пешвоз гирифтанд

Март 23, 2024 18:31

ДУШАНБЕ, 23.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони «800 — солагии Москва»-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ бо намоиши анъанаҳои қадимаи тоҷикон – оростани дастурхони идона бо «ҳафт син» ва «ҳафт шин», пухтани суманак, мусобиқаҳои варзишии миллӣ шуруъ гардида, овози баланди карнаю сурнай ва садои шодмонии кӯдакону наврасон аз фарорасии Наврӯзи оламафрӯз ба Тоҷикистон дарак медод.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур иштирокдоронро бо фарорасии ҷашни қадимаи тоҷикон табрик намуда, иброз доштанд, ки ҷаҳонӣ гаштани ҷашни Наврӯз барои мо, тоҷикон мояи ифтихор аст. Зеро дар чунин сатҳ ва бо чунин ҳашамат пешвоз гирифтани ин ҷашни бостонӣ орзуи чандинсолаи мардуми мо буд.

Сипас барномаи рангоранги мусиқӣ аз ҷониби масъулини бахши фарҳанги пойтахт ба ин ҷамъомади идона шукуҳи тоза бахшид. Хурду калон, пиру ҷавон, алалхусус меҳмонони хориҷӣ аз тамошои тантанаи наврӯзӣ дар ин майдон хурсанд шуда, зери таронаҳои наврӯзӣ мерақсиданд.

Зери рамзи Наврӯз — табақи сабзаи гандум, ки дар ин майдон гузошта шудааст, иштирокдорон барои хотира акс мегирифтанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 23, 2024 18:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
НАВРӮЗ — ВАСИЛАИ МУАССИРИ МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНҲО. Таҳти ин унвон конфронси илмию амалӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид