НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 25.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ ва ташкили намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои хоси Наврӯз, бозиҳои миллии варзишӣ, қироати шеъру таронаҳои мардумӣ Иди байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар тантанаҳои наврӯзӣ меҳмонон аз хаймаҳои наврӯзии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят тамошо намуда, зимни суҳбат бо намояндагони шаҳру ноҳияҳо, ҳунармандону собиқадорони меҳнат, иштирокдорони чорабинӣ аз таърихи Наврӯзи хуҷастапай ва саҳми он дар тамаддуни башарият ёдоварӣ намуданд.
Дар чорабинӣ иброз гардид, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашни миллӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, зиёда аз шаш ҳазор сол пеш вобаста ба оғози кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст.
Таъкид карда шуд, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи эҳёи суннатҳои неки ниёгон, нигаҳдорӣ ва муқаддас донистани арзишҳои волои аҷдодӣ шукуҳи бештар бахшид.



Иди байналмилалии Наврӯз барои ба ҳам омадан, ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, осоишу осудагии ҷаҳониён хидмат мекунад, хоса дар шароити вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза баҳрабардорӣ аз суннатҳо ва ҳикматҳои неки он хеле муҳим мебошад. Зеро Наврӯз тантанаи нур, сулҳу осоиш ва ваҳдату ҳамзистӣ буда, инсониятро барои зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшон ҳидоят мекунад. Яке аз суннатҳои бисёр хубе, ки мардуми мо дар ҷашнгирии Наврӯз анҷом медиҳанд, оростани дастурхони идона аз неъматҳои табиати диёр мебошад, ки баёнгари сарватҳои бойи ҷумҳурӣ буда, инсонро ба саховатпешагӣ даъват мекунад.
Тазаккур дода шуд, ки Наврӯзи хуҷастапай муждаи неки баҳори хуррам аст, ки моро ба истиқрори сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, барафрохтани чароғи дӯстиву рафоқат, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб, худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ин мероси гаронбаҳоро ҳифз карда, барои эҳё ва барқарор сохтани арзишҳои олии маънавӣ саъю кӯшиш намоем ва онҳоро ҳамчун сабақи таърих ба наслҳои оянда мерос гузорем.
Аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи ҷолиб ва рангини консертӣ пешниҳод гардида, зебоиҳои Ватани маҳбубамон, сулҳу ваҳдат, Наврӯзи Аҷам васф карда шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд











Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
АРҒУНЧАКБОЗИИ НАВРӮЗӢ. Он рамзи шодиву нишот ва фарҳанги қадимии тоҷикон мебошад
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд






