Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Март 11, 2024 09:30

ДУШАНБЕ, 11.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон сарфарозам ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро расонам.

Мо сатҳи имрӯзаи равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро баланд арзёбӣ менамоем.

Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба густариши минбаъдаи онҳо бар пояи арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ, рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод ба якдигар бори дигар таъкид намоям.

Дар ин зимн муколамаи фаъоли байнидавлатии сатҳи олӣ ва баландро василаи муҳими таҳкиму тавсеаи муносиботи ду кишвари ба ҳам дӯст медонем.

Бовар дорам, ки мо тавассути саъю талошҳои якҷоя мазмуну муҳтавои муносиботи кишварҳоямонро дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн боз ҳам ғанӣ гардонида, рушд хоҳем дод.

Ба Шумо, дӯсти гиромӣ, сиҳатмандии комилу беҳрӯзӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон дастовардҳои навин, ба мардуми бародари Покистон сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоии бардавом орзумандам».

Март 11, 2024 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд