РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Ҳангоми хариди молу маҳсулот шаҳрвандон кадом ҳуқуқҳоро доро мебошанд?

Март 15, 2024 10:05

ДУШАНБЕ, 15.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 15 март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон маҳсуб мешавад. Ҳадаф аз он тарғиби ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон зимни хариди молу маҳсулот баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки истеъмолкунандагон чӣ ҳуқуқҳо доранд ва барои ҳифзи ҳуқуқи онҳо дар Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

Ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон Мансур Сафарзода посух дод.

— Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи шаҳрвандон ҳамчун истеъмолкунанда барои харидани моли дорои сифати муносиб ва ба ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар кафолат медиҳад. Инчунин шаҳрвандонро аз харидани ашёи пастсифате, ки ба вазъи иқтисодии онҳо созгор нест, ҳимоя менамояд. Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул шудааст.

Ба гуфтаи Мансур Сафарзода, дар ин қонун ҳуқуқҳои асосии истеъмолкунандагон, аз ҷумла ҳимояи ҳуқуқҳои ҳар истеъмолкунанда аз ҷониби давлат, ҳимоя аз хавфи харидории моле, ки ба ҳаёт, саломатӣ, бехатарӣ таҳдид менамояд ва ё ба поймол намудани ҳуқуқҳои қонунии шаҳрванд сабабгор мешавад, ба таври ройгон бартараф намудани нуқсони мол ё иваз намудани он, ҷуброн намудани арзиши мол ва ё мутобиқан паст намудани нархи он, барқарор намудани хисороти маънавие, ки дар натиҷаи истифодаи моли номатлуб ба миён омадааст, маълумоти пурраву дақиқ дар хусуси моли харидашавандаю тарзи хизматрасонии он ва ба истеъмолкунанда фаҳмонидани ҳуқуқҳои ӯ нишон дода шудаанд.

«Тибқи талаботи қонун, истеъмолкунандае, ки ба ӯ моли бесифат фурӯхтаанд ва ӯро фурӯшанда аз ин хусус огоҳ нанамудааст, ҳуқуқ дорад бо хости худ талаб намояд, ки он ба моли дигари ҳамин тамға ё ба ҳамон навъ моли тамғаи дигар иваз шавад. Ҳамчунин фурӯшанда бояд нуқсони молро бемузд бартараф ё маблағеро, ки барои ислоҳи он аз ҷониби истеъмолкунанда ё шахси сеюм харҷ шудааст, ҷуброн намояд. Ҳамчунин истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад, ки ҷуброни пурраи зарари дар натиҷаи фурӯхтани моли бесифат ба ӯ расидаро талаб намуда, иваз намудани молҳои мураккаби техникӣ ва гаронбаҳоро дар ҳолати ошкор шудани нуқсони ҷиддӣ дар муддати то 14 рӯз талаб намояд», — илова намуд муовини директори агентӣ.

Ба гуфтаи мутахассис, бо вуҷуди амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ дар ин самт, ҳоло ҳам аҳолӣ бобати ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолиаш кам маълумот дорад. «Бинобар ин мо тасмим гирифтем, ки дар ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма раванди корҳои фаҳмондадиҳиро ба аҳолӣ вусъат бахшем ва барои барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо саҳм гузорем», -изҳор дошт Мансур Сафарзода.

Бояд гуфт, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии кори мақомоти назоратӣ дар таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ фаъолият менамояд, ки масъалаҳои вобаста ба ҳимояи бозори истеъмолиро низ баррасӣ менамояд.

Дар назди Агентӣ Шурои машваратӣ — ҷамъиятӣ оид ба стандартонӣ ва баҳодиҳии мутобиқат амал менамояд, ки ба он ташкилоти ҷамъиятӣ шомил мебошанд ва дар кори он дар қатори дигар масъалаҳо инчунин масъалаҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон низ баррасӣ мешаванд.

Агентии Тоҷикстандарт дар сомонаи интернетии худ маводи гуногунро вобаста ба ҳимояи ҳуқуки истеъмолкунандагон ҷой додааст. Дар сомона ҳамчунин бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон телефонҳои боварӣ дарҷ гардидаанд.

Бо назардошти коҳиш додани санҷишҳо Агентии Тоҷикстандарт таҷрибаи пешбурди назорати ҷамъиятиро дар бозорҳои истеъмолии мамлакат муваффақона давом медиҳад. Бо ин мақсад суроғаи расмии Агентӣ дар шабакаи иҷтимоии Facebook ва рақами Viber-ии мақомот (988-50-22-22), инчунин телефони боварии 2 33 68 69 фаъол мебошад, ки истеъмолкунандагон дар ҳолати ошкор намудани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолиаш гузашта ба суроғаи расмии Агентӣ муроҷиат менамоянд. Ҳамзамон Агентии Тоҷикстандарт дар бозорҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон овезаҳои таблиғотӣ ташкил намудааст. Соли 2023 оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 7000 варақаи таблиғотӣ паҳн гардид.

Дар ин раванд шаҳрвандон садҳо маротиба доир ба риоя нашудани қоида ва меъёрҳои савдо, фурӯши маҳсулоти пастсифат ва дигар қоидавайронкуниҳо дар ин самт муроҷиат намуданд ва бо мусоидати кормандони Агентӣ ин камбудиҳо сари вақт бартараф шудаанд. Аз ҷумла, соли 2021 ба Агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиати ҳамагӣ 122 нафар, соли 2022- 57 нафар, соли 2023 муроҷиати 85 истеъмолкунанда дар робита ба нуқс доштан ё пастсифат будани маҳсулоти харидаашон, ки онро фурӯшанда бозпас нагирифтааст, ворид гардид.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»/ манбаъҳои боз

Март 15, 2024 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истаравшан Озмуни шаҳрии «Беҳтарин шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалла, кӯча ва хонаи истиқоматӣ» натиҷагирӣ гардид
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» «Андозсупорандаи беҳтарини соли 2024» интихоб гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 январ, чоршанбе, 15-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар Харбин пойгаи дуюми барфии велосипедронии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Хуҷанд беҳтарин шаҳри вилояти Суғд дар соли 2024 дониста шуд
Дар соли 2024 Кӯлоб беҳтарин шаҳр дар вилояти Хатлон дониста шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Эстония беш аз 17 ҳазор хона бар асари номусоид шудани ҳаво бе барқ монданд
Бар асари тӯфони барфӣ қариб 32 ҳазор оила дар Лаҳистон бе неруи барқ монданд
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Калифорния ба 24 нафар расид
МегаФон Тоҷикистон: «Интернет барои хона» ҳудудро ду баробар васеъ намуд