САҲМИ МАН-ДАР ОБОДОНИИ ШАҲРИ МАН. Дар сойи Тебалайи Кӯлоб ҳашари тозакорӣ гузаронида шуд

Март 19, 2024 14:38

КӮЛОБ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барои тоза намудани сойи Тебалай бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб ҳашари «Саҳми ман — дар ободонии шаҳри ман» гузаронида шуда, партовҳо аз сойи мазкур  бароварда шуданд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода хабар медиҳад.

Новобаста аз  ташкил намудани ҳашарҳои тозагӣ, мутаассифона, аз ҷониби аҳолӣ нисбат ба ин масъала беэътиноӣ зоҳир мегардад. Аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ва сокинон новобаста ба он ки дар ҷойҳои муайян қуттиҳои партов гузошта шудаанд, боз ҳам партовҳо ба сойи Тебалай партофта мешаванд.

Аз ин лиҳоз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз ҳар шаҳрванд, алалхусус аҳолии назди сойи Тебалай хоҳиш менамояд, ки ба чунин амалҳо хотима бахшанд, зеро ҳамагон бояд тозагиро риоя намуда, дар фикри саломатии худ, фарзандон ва ҷомеа бошанд.

Мо танҳо дар якҷоягӣ метавонем сойи Тебалайро аз партовгоҳ шудан наҷот диҳем.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Март 19, 2024 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад