Сафорати Тоҷикистон бо Академияи дипломатияи фарҳангӣ ҳамоиши иқтисодии Берлинро баргузор намуд

Март 13, 2024 09:32

ДУШАНБЕ, 13.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Тоҷикистон дар Олмон дар ҳамкории муштарак бо Академияи дипломатияи фарҳангӣ (Academy for Cultural Diplomacy) ҳамоиши иқтисодии Берлинро баргузор намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумхурии Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов зимни суханронӣ ба ҳозирин роҷеъ ба зарфияти иқтисодиву тиҷоратӣ, фазои сармоягузорӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва захираҳои бузурги табиии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Ҳамзамон Имомуддин Сатторов оид ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Олмон дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, фарҳанг, инчунин нақши дипломатияи фарҳангӣ дар самти эҷоди симои мусбати мамлакат изҳори назар намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 13, 2024 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд