Сарвари давлат занон-модаронро ба сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз зиёдаравию исрофкорӣ даъват намуданд

Март 8, 2024 14:38

ДУШАНБЕ, 08.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Модар таъкид намуданд, ки солҳои охир инсоният ба мушкилоту фоҷеаҳои сахту сангин – ҷангу хунрезӣ, камобиву хушксолӣ, фақру гуруснагӣ ва мушкилиҳои дигар рӯ ба рӯ гардидааст. Тибқи гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид, ҳоло аҳолии даҳҳо кишвари олам аз гуруснагӣ азият мекашад.

«Ҳамватанони азизи мо бебориш омадани тирамоҳи гузашта ва зимистони имсоларо дар мамлакати худамон мушоҳида менамоянд, — иброз доштанд Пешвои миллат ва аз занон-модарон даъват намуданд, ки минбаъд низ дар риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ намудани ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ пешсафу намуна бошанд».

Изҳор шуд, ки мо набояд ношукрӣ кунем, баръакс, доим дар фикри аҳли оилаву фарзандонамон ва захираи на кам аз дусолаи маводи ғизоӣ барои хонадонамон бошем.

Тазаккур дода шуд, ки иҷрои талаботи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар руҳияи илму донишомӯзӣ, азхудкунии касбу ҳунар, ахлоқу одоби ҳамида ва эҳтироми калонсолон тарбия намудани фарзандон, инчунин ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо низ асосан ба зиммаи занон-модарон мебошад.

«Албатта, дар ин масъалаҳо мардон, яъне падарон низ масъулияти зиёд доранд, — таъкид намуданд Президенти мамлакат. — Лекин дили фарзанд ва нияту нақшаи ӯро аз ҳама беҳтар модари мушфиқу меҳрубон мефаҳмад ва ҳис менамояд».

Изҳори итминон карда шуд, ки занон-модарон суннату анъанаҳои неку созандаи мардуми бостониамонро минбаъд низ идома дода, дар эҳёи расму ойинҳо, таомҳо ва либосҳои миллӣ, эҳтироми таъриху фарҳанги бостонии миллат, пешгирӣ намудани ҳисси бегонапарастӣ, ободии Ватан, оромии ҷомеа ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон нақши арзанда ва муносиб мегузоранд.

АКС аз бойгонӣ

Март 8, 2024 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид