Шурои иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) — ро барои Тоҷикистон тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 05.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шурои иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (Policy Consultation Instrumen-PCI)-ро ба муҳлати 22 моҳ барои Тоҷикистон тасдиқ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат аз ҷониби Шурои иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор бо дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими сиёсати иқтисодӣ ва дастгирии татбиқи ислоҳоти сохтории ҳаётан муҳим тасдиқ шудааст.
Барномаи PCI ба нигоҳдории устувории макроиқтисодӣ, таҳкими асосҳои сиёсии мақомоти мамлакат ва дастгирии талошҳои онҳо дар самти таъмини рушди нисбатан устувору фарогир равона гардида, бозбинии он тибқи ҷадвали муқарраршуда ҳар нимсола анҷом дода мешавад.
Ҳадафи Барномаи PCI беҳтар намудани устувории буҷет бо мақсади зиёд кардани имконияти хароҷоти афзалиятноки иҷтимоӣ ва рушд бо нигоҳ доштани раванди коҳиши қарзи давлатӣ мебошад. Ислоҳоти фискалӣ ҷамъоварии даромадҳо ва самаранокии хароҷотро дар доираи барнома беҳтар ва ҳифзи иҷтимоии табақаҳои осебпазирро тақвият бахшида, ба гузариши тадриҷӣ ба ҳадафгирии таваррум мусоидат менамояд.
Зиёд намудани имконияти рушди дарозмуддати Тоҷикистон, такмили идоракунии Бонки марказӣ, тақвияти назорат ва идоракунии хавфҳои фискалии марбут ба корхонаҳои давлатӣ, механизмҳои самаранокии муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом МҚД/МТ/МПСҚО ва мубориза бо коррупсия, зиёд намудани шаффофияти бахши истихроҷ, фарогирии молиявӣ ва устуворӣ ба хавфҳои иқлимӣ аз афзалияте мебошанд, ки дар ин барнома пешбинӣ шудаанд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






